Зеҳн
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 80 саҳифа

Саломатӣ
Аз аввал хондан

Бо як пой хестану нишастан (кӣ бисёртар).
Ду нафар тўбро сахт дошта, муқобили ҳамдигар меистанд. Баъд бо садои баранда талоши аз ҳам кашида гирифтани тўб мекунанд.
Мусиқӣ. Ҳар як оила-иштирокчӣ аз ҳаёти мактаб ё оила рақс, суруд, саҳнача пешниҳод ва ҳамаро ба хушҳолӣ даъват мекунанд.

Омўзгор ва волидон туҳфаҳои хотиравии пешакӣ омодакардаашонро ба ҳамаи хонандагон-иштирокчиён барои фаъолияти хуб месупоранд.

Мавзўи 27. Дониш, маҳорат ва малакаҳоро мустаҳкам мекунем.
Дусти азиз! Соли хониш ба охир расид. Мо бо шумо оид ба тарзи ҳаёти солим донишҳои зиёди муфидро гирифтем.
Бисёр муҳим аст, ки минбаъд қоидаҳою талаботи ҳифзи саломатиро ба эътибор гирифта, дар лаҳзаҳои гуногуни зиндагӣ онҳоро истифода баред. Аз ин рў, бо мақсади санҷидани донишҳои гирифта ва тарбияи малакаҳои зарурии ҳаётӣ саволҳои тестӣ пешниҳод мешавад.

САВОЛҲОИ ТЕСТӢ
Барои чӣ обро ҷўшондан лозим аст?
А) Барои маҳви микробҳо
Б) Барои бадбўй шудан
В) Барои тоза ва безарар гардонидан

  1. Обро чӣ тавр бояд дуруст нигоҳ дошт?
    А) Дар зарфи тозаи сарпўшдор
    Б) Дар зарфи бесарпўш
    В) Дар ҳавлӣ ва зарфи бесарпўш

3.Кадом вақт дандонҳоро шустан беҳтар аст?
А) Пагоҳӣ баъди хоб

пешина
аз 80
навбатӣ