Зеҳн
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 80 саҳифа

Саломатӣ
Аз аввал хондан

МАВЗЎИ ГИГИЕНА ДАР ЭҶОДИЁТИ
КЛАССИКОН ВА АДИБОНИ МУОСИРИ ТОҶИК

Тарбия чист? Хок зар кардан, Қатраи обро гуҳар кардан
Бедил
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати миллӣ, соҳибистиқлол анъана ва арзишҳои маънавиро пос медорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати худ ба тарбияи миллӣ, аз ҷумла тарбияи тарзи ҳаёти солим диққати ҷиддӣ медиҳад.
Ҳадафи асосии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тарбияи шахси солим, фаъол ва созанда аст. Саломатии овони кўдакӣ заминаи асосиест барои ҳаёти минбаъдаи инсон, зеро маҳз дар ин давра ҳаёти минбаъдаи мо тарҳрезӣ мешавад.
Асосгузори давлати Сомониён Исмоили Сомонӣ нағз меонист, ки таъмини истиқлолияти мамлакатро танҳо одамони солим, тансиҳат, бардам ва боқувват ба ҷо оварда метавонанд. Аз ин рў, барои тани сиҳату рўҳи бешикасти халқи худ пайваста ғамхорӣ мекард. Тансиҳатии мардум бо воситаи истифодаи об, ҳаво, муносибати шахс ба тозагии тан, тарзи хўрокхўрӣ, одоби атсаву сулфа, рўй шустан, истифода аз ҳоҷатхона, ҳамом, хулоса ба ҷо овардани талаботи гигиена вобаста аст.
Абўалӣ ибни Сино низ дар китобаш “Ал-қонун” махсусан ба реҷаи хўрокхўрӣ, ҳифзи тансиҳатӣ, риояи қоидаву талаботи санитарию гигиенӣ бештар диқкат додааст. Сино дар ин китобаш шарти асосии саломатиро тозагӣ гуфтааст.
Бисёре аз ҳадисҳои Пайғамбар (с) ба масъалаи риоя намудани қоидаву талаботи санитарию гигиенӣ бахшида шудааст. Ҳамаи мусалмонон, тавре дар Қуръони Маҷид навишта шудааст, тозаю покиза нигоҳ доштани сару либос, тану бадан, маҳали истиқоматӣ, хулоса риоя намудани талаботи санитарию гигиениро яке аз рукнҳои динӣ мешуморанд.

пешина
аз 80
навбатӣ