Зеҳн
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 80 саҳифа

Саломатӣ
Аз аввал хондан

Аксарияти шоиру нависандагони муосири тоҷик низ ба масъалаи гигиена – беҳдошти саломатии одамон диққату эътибор дода, оид ба ҳифзи тандурустии мардум шеъру суруд, достон, очерку лавҳа, ҳикояву афсона, чистону латифаҳо эҷод кардаанд. Дар навиштаҳои адибон масъалаҳои риояи гигиенаи иҷтимоӣ, коммуналӣ, корӣ, хўрокхўрӣ, мактабӣ, ки ҳар яки мо ҳар рўз ба он сару кор дорем, оварда шудааст ва таъкид гардидааст, ки бояд ин қоидаҳо аз тарафи хурду калон риоя карда шавад. Саломатӣ ин хушбахтии ҳар як инсон аст.

АГАР ХОҲЕД СОЛИМ БОШЕД
Тани бедард агар хоҳед бар худ,
Барои солимӣ ҳар дам бикўшед.
Нанўшед оби ноҷўшонда ҳаргиз,
Биҷўшонеду пас онро бинўшед.

Бихоҳӣ эмин аз микроб бошӣ,
Тани солим, баобутоб бошӣ,
Бикун пас тозагӣ бар хеш пеша,
Ба собун шўй дасту рў ҳамеша.
Саидалӣ Маъмур

НАСИҲАТ
Модар аз пеши дарвозахона садо кард:
Шербой! Шербой! Зуд биё. Бибиат омадааст, санбўсаи алафӣ овардааст.
Бибиҷонам! Барои ман фақат самбўсаи алафӣ меоранд.
Медонанд, ки ман дўст медорам.
Аз дар даромадаму бўйи иштиҳоовари санбўса ба димоғам зад.
Санбўса куҷост?
Дастатро бишўй,– гуфт бибиам аз пешониам бўсида.
Баъд ҳамроҳ санбўса мехўрем.
Саросема худро ба тарафи дастшў кашидам. Дастамро тар кардаму баргаштам.

пешина
аз 80
навбатӣ