ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Бибиам гуфтанд:
– Бибиат садқа, дастро се бор шустан лозим!
Боз ба тарафи дастшў давидам, дастамро се бор об гардондам, афшонда-афшонда омадам ва хостам нишинам.
Боз бибиам гуфтанд:
Ҷони бибӣ, дасти тарро афшондан мумкин нест!
Ноилоҷ ақиб рафтаму ба дастам собун задам, се маротибаи дигар шустам, бо сачоқ пок кардам, баъд ба сари дастархон нишастам.
Офарин, бачаҳакам, – гуфт бибиам, – ин насиҳати маро ҳаргиз фаромўш макун.
Гулназар Келдӣ
§5. НАҚШИ БОЗИҲОИ МИЛЛӢ
ДАР СОЛИМГАРДОНИИ НАВРАСОН
Дар шароити кунунии пешрафти ҷомеаи мутамаддин, ки олами гуногуни технологияи нав ва бозиҳои компютерӣ арзи вуҷуд намуда, диққати кўдакону наврасонро ба худ ҷалб кардааст, бо бозиҳои миллӣ машғул шудани кўдакону наврасон хеле кам гардида, ҷойи онҳоро бозиҳои компютерӣ, билярду тамошои филмҳои хориҷӣ гирифтаанд.
Бозиҳои миллии тоҷикӣ дар инкишофи ҷисму рўҳи кўдаконону наврасон нақши муҳим доранд. Бозиҳои миллӣ хеле гуногун буда, кўдакону наврасони ҳар як маҳаллу макон бозиҳои хоси худро доранд. Масалан, ланкабозиву гуштин хеле маъмул буда, барои инкишофи дасту по ва ҷисми кўдакон кумак мерасонад.
Таъкид кардан бамаврид аст, ки агар ин бозиҳо дар доираи вақти муайян сурат гирифта, меъёри онҳо риоя карда шавад, инкишофи солимии кўдакону наврасон таъмин мегардад. Вале бозиҳои дигаре, чун ракеткабозиву буҷулбозӣ ба ҷойи муфид будан баракс майлу хоҳиши кўдакону наврасонро ба амалҳои паст зиёд карда, онҳоро бераҳму қиморбоз месозад.
Яке аз бозиҳои варзишии хеле қадима гуштии миллӣ буда, ҳанўз аз давраҳои ориёиҳо хеле машҳур буд ва сифатҳои ин бозӣ дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ ва дигар асарҳои адибон зикр шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё