Зеҳн
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 80 саҳифа

Саломатӣ
Аз аввал хондан

Бозиҳои миллӣ дар тарбияи бадан ва тоза шудану ором гирифтани асаб кўмак мерасонад, аммо дар вақти фориғ шудан аз ин бозиҳо баданро аз сармохурӣ ва гармозанӣ эҳтиёт намуда ва аз дигар офатҳое, ки ҳангоми беэҳтиётӣ метавонанд ба наврасон таъсири манфӣ расонанд, дар канор будан муҳим аст.

§6. БЕҲДОШТИ МУҲИТИ ЗИСТ ВА ГИРДУ АТРОФ
Ҳанўз дар замонҳои қадим одамон ба талаботи санитарию гигиенӣ риоя мекарданд. Дар бисёр мамлакатҳо воситаҳои санитарию гигиенӣ, аз ҷумла ҳоҷатхонаҳо, қубурҳои обгузар, ҷойҳои махсус барои партофтани партовҳо бунёд карда, тозаю покизагиро дар ҳаёт таъмин мекарданд. Масалан, дар шаҳри қадимии Моҳенҷо-Даро, ки дар соҳили дарёи Ҳинд воқеъ шуда буд, ҳанўз 3000 сол пеш то мелод системаи мукаммали обтаъминкунӣ мавҷуд будааст.
Дар ин ҷо воситаҳои дур кардани обҳои ифлос, ҷойҳои махсуси ахлотпартоӣ сохта, аз он хуб истифода мебурданд ва бо ҳамин саломатии мардумро ҳифз мекарданд. Ҳавлию хонаҳо ҳоҷатхонаҳо ва ҳаммом доштанд.
Дар Панҷакенти бостонӣ аҷдодони қадими тоҷикон суғдиён обро муқаддас меҳисобиданд. Ҳаргиз намегузоштанд, ки обро ифлос кунанд. Дар шаҳр қубурҳои обгузар, обпартовҳо, ҳамомҳо сохта шуда буданд. Сокинони ин шаҳр ба масъалаи ҳифзи саломатӣ, муносибат ба об ва истифодаи он ғамхорона муносибат мекарданд. Дар ҳавлиҳо ҷойҳои махсуси сару бадан шустан, ҳамом кардан, чорво нигоҳ доштан буд. Дар шаҳр чандин ҳоҷатхонаҳои умумӣ мавҷуд буд, мардум ба тозагии он, тозагии гирду атроф, ҷойи зист ва ҷойи кор эътибори махсус медоданд ва тансиҳатии худро ҳамеша ҳифз мекарданд.
Дар замони муосир низ ба масъалаи беҳдошти муҳити зист диққати махсус медиҳанд. Яке аз мухимтарин ҷузъиёти тозагӣ ва беҳдошт ин тозагии ҷамъиятӣ мебошад. Тозагии муҳити мо омили асосии саломатиамон мебошад.

пешина
аз 80
навбатӣ