Зеҳн
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 80 саҳифа

Саломатӣ
Аз аввал хондан

Хонандагон дар бораи мафҳуми “тозагии ҷамъиятӣ” ва аҳамияти он дар ҳифзи саломатӣ бояд маълумот дошта бошанд. Тоза нигоҳ доштани хона, ҳавлӣ, маҳали зист, кўча, мактаб, маҳалла, ноҳия ва шаҳр тозагии ҷамъиятиро таъмин месозанд. Агар гирду атрофи мактаб, ҳоҷатхона ва ҷойи дастшўии мактаб ифлос бошад, пашшаҳо ба он нишаста микробҳоро ба ҳар ҷо паҳн мекунанд. Дар рўйи хокрўбаҳое, ки дар кўча партофта шудааст, магасу нонхўракҳо ҷамъ омада, бемориҳоро ҳар ҷо мебаранд. Ё ин ки хокрўбае, ки ба ҷўй ё канал партофта шудааст, қубурҳои ҷамъиятиро ифлос мекунанд. Оби истода ва гандида сабаби афзоиши микробу хомўшак ва бемории табларза мешавад.
Баъзан инсон бо амалҳои худ муҳити гирду атрофро олуда месозад ва барои дигарон низ хатарнок мегардонад.
Микробҳо бо воситаи пашшаҳо, нонхўракҳо, калламушҳо ва мушҳо паҳн мешаванд ва дар пасмондаҳои хўрок, пору, пучоқи меваю сабзавотҳо зиёд ҳастанд. Барои партофтани партовҳо дар ҳар як маҳалла, мактаб ва оила бояд партовҷо бошад.
Барои таъмини тозагии ҷамъиятӣ бояд ҳоҷатхонаҳои бо об шусташаванда, хусусан дар мактабҳо сохта шаванд, хокрўбаҳоро ҷамъ карда ба ҷойҳои махсус партоянд, қубурҳои об бояд ҳамеша тоза бошанд ва таъмир карда шаванд.

§7. БЕҲДОШТИ ХОНА ВА РЎЗГОР
Тоза нигоҳ доштани хона, асбоби рўзгор ва хўрока гарави солимии ҷисм аст. Тозаю озода нигоҳ доштани хона, дуруст нигоҳ доштани маҳсулоти хўрокворӣ (чой, орд, равған, биринҷ, меваю сабзавот ва ғайра) ва хўрок пеши роҳи бемориҳои меъдаю рўда, шикамдард ва исҳолро мегирад.
Маҳсулоти хўроквориро дар зарфҳои пўшида алоҳида нигоҳ бояд дошт ва рўйи хўрокро бо сарпўш пўшида дар яхдон бояд нигоҳ дошт, то ки паша, мушу каламуш ва нонхўракҳо ба он зарар нарасонанд.
Микробҳо бо воситаи пашаҳо, нонхўракҳо, калламушҳо ва мушҳо паҳн мешаванд ва дар пасмондаҳои хўрок, пору, пучоқи меваю сабзавотҳо зиёд ҳастанд. Ин намуди ҳашарот инчунин дар хонаҳои ифлос ва дамгир (бе ҳаво) зиёд мешаванд, барои ҳамин ҳам хонаҳо бояд хуб ҳаво дода шаванд, то ки ба даруни онҳо ҳавои тоза ва равшании офтоб дарояд.
Ошхона бояд ҳамеша тоза бошад. Агар дар ошхона ифлосӣ, дар рўйи фарш нонрезаҳо хобида бошад, он вақт дар хонаи шумо метавонанд нонхўракҳо, ки паҳнкунандаи бемориҳои гуногунанд, пайдо шаванд. Ҳамарўза ошхонаро бояд рўбучин кард. Зарфҳои ошхона бояд дар ҷевон нигоҳ дошта шаванд, то ки ба онҳо магасҳо нашинанд. Обро бояд дар сатили сарпўшдор нигоҳ дошт ва онро бо ёрии дулчаи махсус бояд гирифт.

пешина
аз 80
навбатӣ