Зеҳн
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 80 саҳифа

Саломатӣ
Аз аввал хондан
  1. Магасу нонхўракҳо, ки ба ҳоҷатхона олуда мешаванд.
  2. Замине, ки дар он партови ҳоҷатхонаҳоро истифода мебаранд ва сабзавоти онро ношуста истеъмол мекунанд.
  3. Оби ҷуйборҳое, ки ба он партови ҳоҷатхона меафтад.
    Дар деҳот сохтани ҳочатхонаҳои гигиенӣ, ки онро бо об шустан мумкин аст, барои пешгирии бемориҳои сирояткунанда ва рўда мусоидат мекунад.
    Масъалаи муносибати безарар ва оқилона бо ҳайвонот ва ахлоти он ва партовҳо низ хеле муҳим аст. Омўзиши риояи қоидаҳои тозагӣ ҷиҳати аз байн бурдани ин ифлосиҳо, ки дар нигоҳдории саломатии инсон муҳим мебошад, аҳамияти калон дорад. Ахлоти ҳавонот низ метавонад сабаби пайдоиши бемориҳо бишавад, аз ин рў онҳоро дар чоҳ ё дар замини ҳавлӣ гўр кардан лозим аст. Баъди муомила бо ҳайвонот ва наҷосати он дастро бо собун якчанд бор шустан лозим аст.
    Агар шумо бихоҳед, ки ҳайвонҳои хонагиро нигоҳ доред, ҳатман дар ҳавлӣ оғил созед. Онро начандон дур аз хона месозанд. Ба ҳайвонот нигоҳубин кардан ва онҳоро тоза нигоҳ доштан низ аҳамияти калон дорад. Оғил бояд маҳкам бошад ва ҳамарўза онро тоза карда ҳаво додан зарур аст.
    Наҷосати ҳайвонро ҳатман тоза карда, дар чуқурии махсус гўр кардан зарур аст, вагарна аз он бўи бад ҷудо шуда, магасҳо, кўрпашшаҳо ва ҷонварҳои хоянда зиёд мешаванд.
    Партовҳоро низ ба қуттии махсус партофтан зарур аст. Онро ба рўйи ҳавлӣ ва ҷуйборҳо партофтан мумкин нест. Дар ҷойи аҳолинишин партовҳоро сўзондан мумкин нест, чунки қоғаз ва боқимондаҳои пластикӣ моддаҳои ба организм ниҳоят хавфнок – диоксин ҷудо мекунанд ва ҳаворо ифлос ва заҳролуд мегардонанд.
    Хулоса, мактабҳои чиркин, ахлоту хоктўдаҳои зиёд дар саҳни мактаб ба саломатии хонандаҳо хатар дорад.
    Ҳамчунин партовҳо бўйи бад дошта, табъро хира месозад.
    Аз ин рў, мактаб бояд макони тозаву озода ва оростаю дилнишин бошад.
пешина
аз 80
навбатӣ