ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Дар ҳар як синф бояд қуттӣ барои патов гузошта шавад, дар саҳни мактаб барои партофтани хокрўба бояд чоҳ бошад ва баъди пур шудан онро бояд гўр кард.
Дар назди хокрўба ва партовҳо бозӣ кардан дуруст нест.
Таълим ва тарбияи беҳдошт барои ноил шудан ба робитаи мутақобилаи саломатӣ ва тозагӣ бояд аз вазифаҳои асосии мактабу омўзгор бошад.
БОБИ 2.
БАКТЕРИЯ ВА ВИРУСҲО
§9. МАЪЛУМОТ ДАР
БОРАИ БАКТЕРИЯ ВА ВИРУСҲО
Бактерияҳо микроорганизми якҳуҷайра (бемағз) буда, дар ҳама ҷо, дар ҳаво ва ҳатто дар узвҳои ҳозимаи мо, бо истиснои хун ва ҳароммағз дучор мешаванд. Андозаи онҳо ниҳоят хурд аст.
Бактерияҳои бемориовар одамонро дучори бемориҳои сирояткунанда, масалан, дарди гулў, бронхит, дифтерея, илтиҳоби шуш (пневмония), варами шуш, тифи шикам, вабо, исҳоли хунин (дизентерия), тифи шикампеч ва ғайра мегардонанд. Дар ҷисми инсон бактерияҳои бемориовар ғизо мегиранд, зиёд мешаванд ва моддаҳои заҳрдорро аз худ ҷудо мекунанд, ки ҳуҷайраҳоро ба харобшавӣ оварда мерасонанд. Яъне токсин-моддаи заҳрдор, ки аз микроорганизмҳо, инчунин аз ҳайвонот ва рустаниҳо пайдо мешавад, боиси бемориҳои гуногун мешаванд.
Вирусҳо – шакли ғайриҳуҷайравии зиндагӣ буда, танҳо баъди робита бо ҳуҷайраи зинда фаъол мешаванд. Вирусҳо аз рўйи андоза аз бактерияҳо хурд мебошанд. Вирусҳо берун аз организми инсон қобилияти зинда монданро надоранд.
Онҳо танҳо дар ҳолати ба ҳуҷайраи зинда ворид шудан ва дар дохили он зиёд шудан инсонро дучори бемориҳо мегардонанд.
Вирусҳо бемориҳои нағзак, дарди ханозир, гепатити вирусӣ, сурхакон, обакон ва ғайраро ба миён меоранд.
Вирусҳо ва бактерияҳо дар организми инсон ҳамеша буданд, ҳастанд ва боқӣ мемонанд. Инсон онҳоро тавассути риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ назорат мекунад.
Инчунин бо ёрии эмкунӣ, гузаронидани чорабиниҳои пешгирикунанда, бо роҳи фаҳмондадиҳӣ аз сироятёбӣ ба бемориҳои номбаршуда худро ҳимоя кардан мумкин аст.
Ҳангоми маълумот додан дар бораи вирусҳо ва бактерияҳо дар хонандагон бояд тарсу ҳарос найдо нашавад.
Инчунин дар бораи таъсири мусбати онҳо нақл кардан зарур аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё