ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Масалан, бештари вирусҳо ва бактерияҳо безарар буда, ҳатто баъзеашон фоидаовар низ мебошанд.
Хусусиятҳои фоидаовари бактерияҳо: ҳангоми истеҳсоли доруҳо (антибиотикҳо, моддаҳое, ки аз ҳуҷайраи ҳайвонот тайёр карда мешаванд – ферментҳо, витаминҳо) аз онҳо истифода мебаранд. Дар истеҳсоли йогурт ва панир низ онҳоро истифода мебаранд. Дар узви ҳозимаи инсон набототи рўда ғизоро пора мекунад. Бактерияҳо ҳангоми омода кардани хўроки чорво (силос) ба сифати иловаҳо кор фармуда мешаванд.
Вирусҳо низ фоида доранд. Онҳоро дар истеҳсоли ваксина (барангезандаҳои кушанда ё сусткунандаи бемориҳои гузаранда) истифода бурда, барои муҳофизат аз беморӣ ва муолиҷа ба организми инсон гузаронида мешавад.
Дар мубориза бо ҳашароти зараррасон истифода бурда мешавад. Татқиқотҳои охирини онкологӣ нишон додаанд, ки дар организми 80% аҳолии курраи замин вируси AAV-2 мавҷуд аст, ки ҳуҷайраҳои саратонро вайрон месозад.
Барои муҳофизат намудани худ аз вирус ва бактерияҳои зараровар бояд чӣ кор кард?
Баъди ҳоҷатхона, баъди тоза кардани наҷосати кўдак, пеш аз истеъмоли хўрок, пеш аз тайёр кардани хўрок, ороиши дастархон, ҳангоми бо кўдакон хўрок додан, баъди бозиҳо ва сайру гашт дастонро ҳатман бо собун шустан зарур аст.
Зуд-зуд бо оби ширгарм, собун ва ё гел баданро шустушўй кардан лозим аст.
Ҳамарўза иваз кардани ҷўробҳо.
Пахш накардан ва даст нарасондан ба гармича (рихинак)-ҳои дар рўй баромада.
Пўшидани либос мувофиқи обу ҳаво ва фасли сол.
Ҳамарўза ду маротиба (саҳарӣ ва пеш аз хоб) тоза кардани дандонҳо.
Истифода аз ашёи ҷудогонаи шахсӣ: рўймолчаи бинипоккунӣ, шона, сачоқ, чўткаи дандошўӣ ва дигар ашёи гигиенӣ .
Бо одамони заҳролудшуда робита накардан ва ғайра.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё