Зеҳн
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 80 саҳифа

Саломатӣ
Аз аввал хондан

РЕҶАИ РЎЗ
Реҷа чист? Реҷа – тақсимоти дурусти вақт аст. Реҷаи рўз маънои ба меҳнат, истироҳат, хўрокхўрӣ ва хоб оқилона тақсим кардани вақтро дорад. Дуруст ташкил кардани реҷаи рўзи хонанда – ҷудо кардани вақт ба варзиши пагоҳирўзӣ, иштирок дар дарсҳо, ёрӣ дар хона, дамгирӣ, хўрокхўрӣ, дарстайёркунӣ, худхизматрасонӣ ва ғайра мебошад. Реҷаи мактаббача мувофиқи синну сол, ҳолати саломатӣ ва дарсҳо дар мактаб тартиб дода мешавад.
Хонанда дар риояи реҷа ҳатман бодиққат бошад, сари вақт хўрок хўрад ва тибқи талаботи асосии гигиена (беҳдошт) фаъолияташро бо истироҳат (хоб) мувофиқат намояд. Солимии мактабхон бо давомнокии хоб муайян карда мешавад, ки он аз синну сол ва инкишофи ҷисмонии наврасон вобаста аст. Бачагон бояд дар як вақти муайян хоб кунанд ва аз хоб хезанд. Ба тозагии ҳавои хонае, ки бача хоб меравад, диққати махсус дода мешавад. Онҳо бояд ҳатман ҷойхоби алоҳидаю ҷойпўши тоза дошта бошанд.
Агар дар баробари наврасон ҳамаи аъзои оила реҷаи муқарраршударо риоя кунанд, ҳолати хуби саломатиро таъмин карда метавонанд.

пешина
аз 80
навбатӣ