Зеҳн
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 80 саҳифа

Саломатӣ
Аз аввал хондан

ВАРЗИШ – ГАРАВИ САЛОМАТӢ
Тарбияи ҷисмонӣ яке аз қисмҳои тарбия буда, дар такомули ҳаёти солими наврасон нақши бузург дорад ва дар бардаму солим тарбия кардани насли ҷавон нақши муҳим дорад. Кўдакону наврасони аз ҷиҳати ҷисмонӣ боқувват ба иҷрои вазифаҳои дар наздаш гузошташуда қодиранд.
Исбот карда шудааст, ки ба инкишофи ҳаматарафа ва рушди ҷисмонии наврасон варзиш таъсири калон мерасонад. Зеро варзиш яке аз шаклҳои фаъол ва ҷалбкунандаи тарбияи ҷисмонӣ ва солимгардонӣ ба ҳисоб меравад.
Давраи мактабхонӣ давраи беҳтарини ба варзиш машғул шудан аст. Имрўзҳо кўдакону наврасони зиёде ба намудҳои гуногуни варзиш, ба монанди варзиши сабук, тенниси рўйимизӣ, гўштигирӣ, шиноварӣ, футбол, волейбол ва даҳҳо намуди дигари варзиш машғуланд, ки аз ин сол то сол зиёд шудани сафи онҳо ва бурдани ҳаёти солим дарак медиҳад. Албатта, ин заҳмати ҳаррўзаро талаб менамояд, ки дар натиҷа наврасону ҷавонон эътимоднок, бақувват, далеру нотарс, қавиирода ва асосаш солим ба воя мерасанд.
Дар давраи хурди мактабӣ (7-11сола) хусусиятҳои ҷисмонӣ ва ақлӣ якҷоя ва баробар инкишоф меёбанд.
Рушдёбии системаи асаб бошад, ҳанўз ба охир нарасидааст.
Сабзиши қад суст буда, танҳо вазн зиёд мешавад. Дар ин давра системаи таҳрикию ҳаракатӣ, хусусан малакаҳои хурди таҳрикӣ (банди дасту ангуштон) ташаккул меёбанд.
Дар ин давра варзиши пагоҳирўзӣ асаби кўдакону наврасон, ҳолати рўҳиву ҳиссиётии онҳоро дар як ҳолати оромӣ, рўҳбаландӣ ва хушҳолии тамоми рўз нигоҳ медорад.
Иҷрои машқҳои пагоҳирўзӣ доимӣ ва дар ҳавои кушод ба манфиат аст.
Агар аъзои хонавода якҷоя бо фарзандон варзиши пагоҳирўзиро ба роҳ монанд, ин фазои солими оиларо таъмин карда метавонад.

пешина
аз 80
навбатӣ