Зеҳн
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 80 саҳифа

Саломатӣ
Аз аввал хондан

Хўроки нимпухта ва ё шабмонда метавонад хатарнок бошад, чунки дар таркибаш микробҳо пайдо мешаванд.
Маводи хоми хўрокворӣ бояд тоза шуста шавад. Хўроки пухташуда бояд бо зудӣ истеъмол карда шавад ё пура аз нав гарм карда шуда, баъд истеъмол карда шавад.
Агар ғизои пухташуда барои вақти дигар нигоҳ дошта шавад, рўйи онро сарпўш карда, аз паша ва ҳашаротҳо эҳтиёт карда шуда, пеш аз истеъмол аз нав бояд гарм карда шавад. Хўрок бояд дар зарфҳои сарпўшдор нигоҳ дошта шавад. Ошхона ва ё макони омодасозии ғизо пайваста тоза карда шавад, то ки нонхўракҳо, пашшаҳо ва калламушҳо афзоиш наёбанд.
Кордҳо, тахтачаҳо ва рўйи мизҳое, ки дар он ҷо маводи хўрока тайёр карда мешавад бояд баъд аз тайёр кардани маводи хоми хўрока тоза карда шаванд. Тахтачаҳои гўштмайдакунӣ бояд алоҳида истифода бурда шаванд.
Меваҷот ва сабзавот бояд аз пўст тоза ҷудо карда шаванд ё бо оби тоза покиза шуста шаванд.
Пеш аз пухтани хўрок ва хўрдани он дастҳоро тоза бо собун шустан шарту зарур аст.

пешина
аз 80
навбатӣ