ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

ҲИКОЯТ:
САЛОМАТИИ ШУМО
ДАР ДАСТИ ХУДИ ШУМОСТ
Раҳим ва Салим ду бародаранд. Яке дар синфи 2, дигаре дар синфи 4 таҳсил мекунанд. Рўзе ҳангоми аз мактаб баргаштан дар сари роҳашон сагчаи дайду баромад. Сагча чунон шикоятомез нолиш мекард, ки раҳми бачаҳо омад ва онро ба хонаашон оварданд. Дар хона бачаҳо шиками сагро сер карданд ва бо вай бозӣ карданд: онро рўйи даст мебардоштанд, дар рўйи ҳавлӣ бо вай медавиданд, навозиш мекарданд.
Бозии аз ҳад зиёд бачаҳоро гурусна кард. Салим ба ошхона даромада, бо дастони ифлос бурдаи нонро гирифт ва машғули хўрдан шуд. Раҳим инро диду гуфт «Исто! Охир мо бо сагча рўйи ҳавлӣ бозӣ кардем. Бо дастони ифлос хўрдан мумкин нест!» Вале Салим ба ў гўш накард ва хўрданро давом дод. Раҳим дастонашро бо собун шуст ва баъд ба сари миз нишаст. Бегоҳирўзӣ ҳарорати Салим баланд шуд ва шикамаш ба дард даромад. Маҷбур шуданд, ки ўро ба беморхона баранд. Дуруст мегўянд, ки «Саломатии ту дар дасти худи туст!». Шеърро азёд кунед:
МАНЗИЛИ ҒИЗО
Манзиле, ки нопок аст,
Ба одам хатарнок аст.
Манзиле, ки озода,
Худо баракат дода.
Ғизо хўри покиза,
Бо дастҳои тоза.
Бе дарду ғам бигардӣ,
Шоду хуррам бигардӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё