Зеҳн
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 80 саҳифа

Саломатӣ
Аз аввал хондан

Самти корашро иваз намояд, дар ҳавои тоза сайругашт ва ё бозӣ кунад, китоби шавқовар хонад ва ғайра.Табибон тавсия медиҳанд, ки мактаббачагон рўзе камаш 3-4 соат дар ҳавои кушод бошанд. Азбаски дар охири ҳар як чоряки соли хониш қобилияти кории хонандагон паст мегардад, реҷа ва обутобдиҳии бадан нақши калон мебозанд.
Агар наврасон камҳаракат бошанд ва ба обутобдиҳии бадан аҳамият надиҳанд, инкишофи ҷисмонии онҳо суст мешавад ва мушакҳои бадан ва системаи асаб низ заиф мегардад.

§7. ТАШАККУЛ ДОДАНИ ҚАДУ ҚОМАТИ РОСТ
Қомат – андом, тарзи ист, ҳолати табиии инсон мебошад. Қаду қомати рост нишонаҳои зерин дорад: қомату китфҳои рост, сари андаке боло гирифташуда ва китфони васеъ. Қаду қомат нишондиҳандаест, ки шахсияти одамро дар баробари дигарон нишон медиҳад. Одамро аз руйи қаду қоматаш мешиносанд.
Вазифаи асосии қомати инсон эмин нигоҳ доштани узвҳои ҳаракатдиҳанда аз бори зиёд ва осеб аст. Шахсе, ки қаду қомати зебо дорад, диққати атрофиёнро ҷалб мекунад.
Дар баробари ин дар инкишофи қаду қомати наврасон баъзе монеаҳо мушоҳида мешавад: каҷ шудани сутунмуҳра, ҳамеша хам шуда нишастан, миёни лўнда, миёни лўндаи хамшуда, миёни ҳамвор, қомати номутаносиб ва ғайра. Агар хонанда дар паси мизи дарс доим хам шуда ё бо сандуқи сина такя кунад, ё баръакс китфи худро боло бардошта нишинад, кўзапушт шуданаш мумкин аст. Зеро устухони наврасон он қадар сахту мустаҳкам нашудааст.

пешина
аз 80
навбатӣ