Зеҳн
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 80 саҳифа

Саломатӣ
Аз аввал хондан

Устухони наврасон нисбати устухони калонсолон чандир буда, зуд тағйир меёбад. Аз каҷ нишастани хонанда метавонад сутунмуҳра каҷ шавад ва сабаби дарди сар, фаромўшхотирӣ, мондашавӣ ва ғайра мегардад. Дар натиҷаи монеаҳои қомат мушакҳои бадан суст мешаванд, ки рост нишастан вазнин аст.
Қаду қомати зебою рости одамони солим то пиронсолӣ хуб нигоҳ дошта мешавад. Хонанда ҳангоми тайёр кардани дарс бояд ҷойи қулай ва мувофиқ дошта бошад.
Аз ин рў, ба мақсади пешгирӣ намудани вайроншавии қомат аз қоидаҳои дурусти нишаст ва маслиҳатҳои муфид истифода баред:
Хонанда сари миз рост нишаста, сарро каме ба пеш хам кунад.
Барои он ки зуд монда нашавад, ба пушти курсӣ такя кунад.
Ҳар ду пойро ба рўйи фарш баробар гузорад, бо нўги пой ё пошнаи пой нашинад.
Дастонро дар рўйи миз ё парта озод гузошта, китфонро баробар нигоҳ дорад.
Ҷойи хоб бояд кушод, болишт ҳамвор ва кўрпача сахт бошад. Ба пушт ва ба тарафи рост ё чап хоб рафтан беҳтар аст. Давомнокии хоби наврасон набояд аз 8-10 соат кам бошад. Хонанда баъди аз мактаб омадан бояд 1-1,5 соат истироҳат кунад, то ки мушакҳои пушт ва сутунмуҳра дам гиранд.
Ҷойе, ки барои дарстайёркунӣ ҷудо шудааст, бояд равшании хуб дошта бошад.
Ҷувздони мактабиро беҳтараш дар пушт гиранд (ҳама вақт онро бо як даст бурдан мумкин нест).

пешина
аз 80
навбатӣ