Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа
«Бузургию неъмат зи оли Сомон буд»
Дар таърихи фарҳангу адабиёти мардумони гуногуни олам давраҳои хосе ҳастанд, ки бо рушду камол ва шукуфоии худ мумтоз буда, бо дастовардҳои беназирашон тамаддуни ҷаҳонро ғанӣ гардондаанд. Адабиёт ва ҳунари Юнони бостон, давраи Эҳёи Италия, Аҳди Маорифи Фаронсаву Олмон, адабиёти асри Х1Х рус аз ҷумлаи ҳамин гуна давраҳои шукуфони таърихӣ мебошанд. Дар таърихи адабиёти ғаниву бостонии мардумони эронитабор ҳам, ки дар тўли ҳазорсолаҳо бо забону хатҳои мухталиф арзи зуҳур намудааст, адабиёту фарҳанги асри Х, ки ба аҳди Сомониён рост меояд ва устод Абўабдуллоҳ Рўдакӣ аз бузургтарин намояндагони он аст, аз чунин даврони дурахшону шукуфон ба шумор меравад, ки таърихи тамаддуни олам назирашро кам дидааст. Бесабаб нест, ки донишмандон ин давраро «асри зарин», «эҳёи Аҷам», «Эҳёи тоҷик» … номидаанд.
Дар воқеъ фарҳанги ин даврон аз як тараф таҷассуми суннатҳои Эрони бостон буда, аз тарафи дигар зербинои фарҳанги асрҳои баъд мебошад. Адабиёте, ки дар заминаи ин фарҳанг ба забони форсии дарӣ падид омадааст, дар тўли беш аз ҳазор сол идома ёфта, имрўз бо унвонҳои «адабиёти Эрон», «адабиёти форсӣ», «адабиёти дарӣ», «адабиёти форсу тоҷик» ва амсоли инҳо шўҳрат дорад.
Ин давра таваҷҷўҳи муаррихону адибон ва муҳаққиқони зиёдеро аз асрҳои пешин то имрўз ҷалб намудааст. Дар бораи таъриху фарҳанг ва адабиёти аҳди сомонӣ илова бар муаллифони сарчашмаҳои таърихӣ чун «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ, «Таърихи Систон», «Зайнулахбор»-и Гардезӣ, «Сафарнома»-и Ибни Ҳавқал, «Аҳсануттақосим»-и Муқаддасӣ, «Масоликулмамолик»-и Истахрӣ, «Муъҷамулбулдон»-и Ёқути Ҳамавӣ, «Таърихи Байҳақӣ», «Сиёсатнома»-и Низомулмулк ва донишмандони маъруфи кишварҳои гуногуни олам амсоли В.В.
Бартолд, А. Якубовский, Садриддин Айнӣ, Саид Нафисӣ, Бобоҷон Ғафуров, А.А. Семенов, Е. Э. Бертелс, Абдулғанӣ Мирзоев, Р. Фрай, Нўъмон Неъматов, Аҳрор Мухторов, Расул Ҳодизода, Муҳаммаднурӣ Усмонов, А. Тоҳирҷонов, Холиқ Мирзозода, Ш. Ҳусейнзода, М. Занд, Аълохон Афсаҳзод, Ҷаводи Ҳиравӣ, Паноҳии Симнонӣ таҳқиқоти пурарзише анҷом додаанд.
Дар сарчашмаҳои таърихӣ ва осори муҳаққиқон то ҳадде муҳиту заминаи рушди фарҳанги аҳди Сомониён равшан шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё