Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Тавре ки ба субут расидааст, дар эҷоди муҳити созгор саҳми давлати Сомониён хеле калон будааст. Ин давлат дарвоқеъ аз тавонотарину бонизомтарин давлатҳои на танҳо эрониву мусулмонӣ, балки кулли ҷаҳон маҳсуб мешуд. Дар таърихи давлатдории ҷаҳон камтар давлатеро метавон пайдо кард, ки мисли Сомониён дар як муддати кўтоҳ сарзаминеро, ки бар асари ҳуҷумҳои аҷнабиёни бодиянишин тороҷу хароб ва парешон гашта буд, ба як кишвари паҳновару пешрафта табдил диҳанд. Нақши ин давлат дар пешрафти адабиёт низ хеле назаррас аст. Тавре ки маълум аст, пас аз истилои араб дар муддати беш аз дусад сол забони арабӣ дар Хуросону Мовароуннаҳр ва Эрон забони расмӣ ва илмиву адабӣ буд. Маҳз бо саъю талоши давлатҳои Тоҳириёну Саффориён ва ба хусус Сомониён забони порсии дарӣ, ки аз забонҳои маҳаллии мардуми кўҳистони Мовароуннаҳр буд, рушду камол ёфта, ҷои забони арабиро гирифт. Ин забон дар як муддати кўтоҳ на танҳо ба забони расмиву давлатӣ табдил ёфт, балки бо ин забон осори фаровони адабиву илмӣ ҳам ба вуҷуд омад. Муҳити фарҳангие, ки Сомониён фароҳам оварданд, барои рушди ҳарҷонибаи илму адаб ва ҳунар мусоидат намуд.
Аз ин ҷост, ки маҳз дар ҳамин давра як зумра адибону донишмандони бузург падид омаданд, ки на танҳо дар таърихи фарҳанги мо беназиранд, балки дар илму фарҳанг ва адабиёти олам низ мақоми баланд доранд. Дар ин давра ба хусус шеър ривоҷи зиёд дошт. Шоирони маъруф Шаҳиди Балхӣ, Муродӣ, Абўшакури Балхӣ, Башшори Марғазӣ, Фароловӣ, Имораи Марвазӣ, Робеаи Қаздорӣ, Сипеҳрии Бухороӣ, Мантиқии Розӣ, Абулаббоси Марвазӣ, Шокири Бухороӣ, Тайёни Марғазӣ, Кисоии Марвазӣ, Абулмуайяди Балхӣ, Дақиқӣ, Мунҷики Тирмизӣ, Маъруфии Балхӣ, Хусравонӣ, Абулфатҳи Бустӣ, Қамарии Ҷурҷонӣ ва амсоли онҳо бо сарварии устод Абўабдуллоҳ Рўдакӣ, ки барҳақ падари шеъри форсӣ донистаанд, бо осори ғанию рангини худ шеърро на танҳо ташаккул доданд, балки ба пояҳои олии такомул расонданд.
Агар устод Рўдакӣ дар саргаҳи адабиёти ин давра мақом дошта бошад, ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ дар интиҳои он қарор гирифта, бо «Шоҳнома»-и худ камолоти шеърро устувор намуд. Суннатҳое, ки шоирони мазкур ҳам дар мазмуну мавзўоти шеър ва ҳам дар қолабу анвои он ба вуҷуд оварданд, сармашқу улгуи шоирони асрҳои пасин гардиданд. Масалан, фақат ба қасидаи «Бўйи Ҷўйи Мўлиён»-и Рўдакӣ беш аз 150 шоир то имрўз назираву тазмин ва ҷавобия сурудаанд. Воқеан шеъри ин давраро метавон сарчашмаи файзбори шеъри ҳазорсолаи форсӣ донист, ки ба ҳар давру замон ва ҳар шоир асаре бахшидааст.

пешина
аз 625
навбатӣ