Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ва қаҳрамонони онро паст мезаданд. Вале баъзе муҳаққиқон омилҳои дигарро сабаби пазируфта нашудани «Шоҳнома» нишон додаанд. Аз ҷумла, Абдулҳусайни Зарринкўб дар бораи Султон Маҳмуд сухан ронда, соҳибзавқу шеърдўст будан ва махсусан тамоили зиёди диниву мазҳабӣ доштани ўро таъкид намуда, сабаби муносибати нохуши султонро ба шоир дар ҳамин замина дониста навиштааст: «Чунонки иллати адами илтифоти ў ба «Шоҳнома»
зоҳиран иттиҳоми Фирдавсӣ ба рафзу иштимоли китоби ў бар корномаи маҷус бояд буда бошад».
Вале ба назари мо ҳам шеърдўстӣ ва ҳам динпарастии Султон Маҳмуд ҷанбаи тазоҳурӣ дошта, дар зери ниқоби онҳо ғаразҳои сиёсӣ нуҳуфтааст. Далелҳои зиёде мавҷуданд, ки сусту заиф будани эътиқоди динии ўро нишон медиҳанд, ки ба ин Абдулҳусайни Заринкўб ҳам иқрор аст ва «динро василаи ағрози дунявӣ» сохтани ўро таъйид кардааст.
Тавре ки маълум аст, Султон Маҳмуд барои пойдории давлати худ ва ба даст овардани сарват роҳи футуҳи кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла, Ҳиндустонро, ки яке аз ғанитарин кишварҳои Шарқ маҳсуб мешуд, пеш гирифт ва дар ин ҷода мисли гузаштагони худ Алптегину Сабуктегин сиёсати диниву мазҳабии ғазавотро ниқоб қарор дода, ба лақаби ғозӣ ҳам машҳур гашт. Ў бо ин баҳона тавонист ҳамчунин гурўҳи калони одамони бекору хонахаробшударо, ки дар ҳар маврид омодаи исён буданд, ба ғазавот ҷалб намояд ва ё мухолифони зиёди худро аз байн барад.
Бинобар ин таваҷҷўҳи Султон Маҳмуд ба дину мазҳаб натиҷаи «завқи мазҳабӣ»-и ў набудааст. Сиёсати пешгирифтаи Султон Маҳмуд ҳарчанд аз тарафи шоирони дарбораш бо ҳар васила рўйпўш ва ситоиш мешуд, вале моҳияти ғоратгаронаи он ҳанўз дар ҳамон аср ошкор шуда буд ва аз ҷумла Носири Хусрав дар хусуси сиёсати риёкоронаи динии Маҳмуд навиштааст:

Он ки ба ҳиндувон буд, яъне ки ғозиям,
Аз баҳри бадрагон, на зи баҳри ғазо шудаст.

Ин ҳама гувоҳ бар он аст, ки ба Султон Маҳмуд на матолиби мазҳабии «Шоҳнома», ки мақоме надорад, балки пеш аз ҳама андешаҳои ватандўстӣ, ифтихор ба гузаштаи дурахшони тамаддуни Эрон, эҳёи Аҷам («Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ»), ки комилан бо сиёсати давлати Сомониён созгор буданд, писанд наёмадаанд8 Аз ин ҷост, ки ин шоҳкори бузурги назм, ки маъруфтарин шоирони оламро мафтун кардааст, мавриди қабули шоирони дарбори Султон Маҳмуди туркнажод қарор нагирифт.
Бинобар ин «Шоҳнома»-и Фирдавсиро ҳам аз лиҳози таърихи таълиф, ҳам аз нигоҳи мавзўъу мундариҷа ва муҳимтар аз ҳама аз назари рўҳияву мароми ватандўстиаш наметавон ба адабиёти аҳди Ғазнавиён ё қарни XI мансуб донист.

пешина
аз 625
навбатӣ