Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ин шоҳасар воқеан аз ҳар лиҳоз ба адабиёти давраи Сомониён қаробату ваҳдат дошта, як ҷузъи таркибии он мебошад ва бояд шоҳкори асри X арзёбӣ шавад.

Ризо Мустафавӣ сипас шарҳи вожаи «ҳаким»-ро дар фарҳангҳо ва худи Шоҳнома ҷустуҷў намуда, дар охир ба чунин хулоса меояд: «Бо таваҷҷўҳ ба шавоҳид ва далоили ёдшуда чунин истинбот мегардад, ки «ҳаким» чи аз назари корбурди он дар худи Шоҳнома барои дигарон ва чи аз ҷиҳати истеъмоли Фирдавсӣ барои худаш маънои воҳиде дорад ва ба ҳамон маънии ёдшуда барои ду мавриди охир (маънии шумораи 3) аст ва ҳаким бо ин маънии пурмағзу мўҳтаво ба баъзе дигар аз шоирон ҳам (ба ҳақ ё ноҳақ) дода шуда, дар ҳоле ки онон низ асари мустақиле дар илми ҳикмат надоштанд». Яъне ба ақидаи муаллифи мақола унвони ҳаким нисбат ба Фирдавсӣ ба маънии «доно, хирадманд, фарзона, хирадпажўҳ, росту дурустгуфтору кирдор ва кунандаи корҳои сазовор» истифода шудааст, ки дар ин шакке нест.

пешина
аз 625
навбатӣ