Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

9Ин андешаи нодуруст дар матбуоти солҳои 50-60-и асри 20-и тоҷик низ аз ҷониби баъзе адибон баён шуда буд.
13М. Орифӣ. Аз таърихи афкори педагогии халқи тоҷик.
Душанбе, 1962, С. 102.
22 Ин ҷо тарбият маънии равшан намедиҳад, шояд «ироа»
бошад.
23 Мумтоз Ғафур. Фирдавсии ҳаким. Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам…, С. 527.

Хирад дар «Шоҳнома»

Шоҳномаи Абулқосим Фирдавсӣ ганҷинаи пурбаҳои афкору
андешаҳои баланди иҷтимоӣ, сиёсӣ, ахлоқиву фалсафӣ буда, дар он
таҷрибаву озмудаҳои башар ва бахусус мардуми эронинажод
ҷамъбаст гардида, дар пирояи каломи фасеҳу ширин ва образу
тасвирҳои малеҳу рангин ба зуҳур расидаанд. Яке аз мавзўҳои
муҳимме, ки дар саросари ин шоҳасар чун риштаи заррин
андешаҳои гуногуни шоирро пайванд месозад, масъалаи хирад ва
хирадмандист. Хирад дар Шоҳнома санги маҳакест, ки моҳияту
манзалати шоҳону ҳокимон, қаҳрамонону паҳлавонон, сипоҳиёну
ҳунармандон, мўбадону донишмандон ва доираҳои дигари инсонҳои асотириву таърихиро зоҳир менамояд ва мақому мартабаи онҳоро дар ҷомеа муайян мекунад.

пешина
аз 625
навбатӣ