Равзанаи адаб

Бузургии Рустам фақат дар ҷуссаю қувваи тавоно, шуҷоъату далерии беҳамтои ў нест, балки ҳамчунин дар хирадмандиву башардўстии вай низ ҳаст.
Рустам асосан барои дифои ватан аз душманон ҷангу муҳориба мекунад ва дар ин маврид аз рўи хирад амал менамояд:
Таҳамтан чу аз хоб бедор шуд,
Сари пурхирад пур зи пайкор шуд.
Вале ҳирси ҷанг гоҳо Рустам барин паҳлавонони хирадмандро низ аз хирад дур месозад ва ин боиси сар задани фоҷиаи бузурге чун куштори фарзанд мегардад. Фирдавсӣ ин лаҳзаи ҷонгудозро тасвир намуда, бо таассуфи амиқ таъкид мекунад, ки ҳар гоҳ хирад аз инсон дур шуд, ў ҳатто аз ҳайвон ҳам залилу пасттар мешавад:
Аз ин ду якеро наҷунбид меҳр,
Хирад дур буд, меҳр нанмуд чеҳр.
Ҳаме баччаро боздонад сутур,
Чи моҳӣ ба дарё, чи дар дашт гўр.
Надонад ҳаме мардум аз ранҷи оз
Яке душманеро зи фарзанд боз.
Зимнан бояд ёдовар шуд, ки дар масъалаи сабаби кушта шудани Сўҳроб ба дасти Рустам андешаҳои гуногун баён шудаанд.
Аз ҷумла Маҳмуд Мудаббирӣ дар ин хусус изҳори назар намуда, Сўҳробро "сумбули ҷавонии инсон" медонад: "Сўҳроб (сурхоб, дорои ранги сурх, башшош, зинда, ҷавон) ҷавонии Рустам аст, ки дар нақши муҷассами як паҳлавон зоҳир шуда ва ҳеҷ омиле наметавонад ба Рустам бигўяд, ўро накуш, балки ў ба таври хатм Сўҳробро хоҳад кушт ва ба азояш хоҳад нишаст. Мо, инсонҳо ҳама "Сўҳробкушем", ҳама даврони ҷавониро мегузаронем ва дар аҳди пирӣ ба азояш менишинем". Вале муҳаққиқ барои тақвияти тасдиқи андешаи худ далеле наовардааст ва дар худи Достони Рустам ва Сўҳроб низ дар ин бора ишорае ба назар намерасад.
Ҳамчунин дар достон масъалаи ҷавониву пирӣ ба таври барҷаставу муҳим матраҳ нашудааст. Ва кушта шудани Сўҳроб дар ин масъала мушкилиро ҳал намекунад.
Азбаски ин масъала ҳанўз таҳқиқ нашудааст, ба таври саҳеҳ таъйин кардани сабаби кушта шудани Сўҳроб ҳоло душвор аст. Ин ҷо аз баҳси пурдомана худдорӣ намуда, фақат чанд мулоҳизаи муқаддимотиро баён месозем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё