Равзанаи адаб

Забон ростиро биёроста,
Хирад хоста, ганҷ нохоста.
Ҳамаи қаҳрамонони мусбати Шоҳнома, пеш аз ҳама, бо хирдмандии худ мумтозанд. Аз ҷумла чаҳор фарзанди Қайқубод ҳама монанди падар хирадманд мебошанд:
Писар буд мар-ўро хирадманд чор,
Ки буданд аз ў дар ҷаҳон ёдгор.
Фирдавсӣ хирадмандиро аз ҳамидатарин хислатҳои инсонӣ дониста, ҳар касеро, ки аз ин сифат орӣ бошад, нокомил мешуморад. Масалан, сарлашкар Тўс бо ҳама паҳлавониву ҳунармандӣ аз хирадмандӣ дур аст, аз ин ҷост, ки ҳамеша мавриди сарзаниш қарор мегирад. Паҳлавон Баҳром ўро ба Фуруд ин тавр шиносо менамояд:
Валекин сипаҳбуд хирадманд нест,
Сару мағзи ў аз дари панд нест.
Ҳунар дораду хоста, ҳам нажод,
Наёрад ҳаме бар лаб аз шоҳ ёд.
Шоир ҳатто паҳлавонеро, ки соҳиби хирад нест, мурда медонад:
Валекин хирад нест бо паҳлавон,
Сари бехирад чун тани беравон.
Дурахшонтарин симои инсон дар Шоҳнома Рустам аст, ки беш аз дигар паҳлавонону қаҳрамонон ва ҳатто шоҳон таваҷҷўҳи Фирдавсиро ба худ ҷалб кардааст. Вале Рустам дар асар на танҳо намунаи барҷастаи инсони тавонову қудратманд, ҷасуру далер, шуҷоъу бебок ва паҳлавону ҷанговари беназир аст, балки тимсоли инсони бохираду донишманд низ ҳаст. Бесабаб нест, ки дар оғози достони Комуси Кашонӣ Фирдавсӣ пас аз ситоиши Худованд аз Рустам ёд мекунад ва сифатҳои ўро ба ин минвол зикр менамояд:
Шигифтӣ ба гетӣ зи Рустам басест,
К-аз ў достон дар дили ҳар касест.
Ба хушкӣ чу пилу ба дарё наҳанг,
Хирадманду бедордил марди ҷанг.
Сари мояи мардиву ҷанг аз ўст,
Хирадмандиву донишу ҳанг аз ўст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё