Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба ҳаққи ҳақ, ки вуҷудат ба ҳақ шавад мулҳақ.

Шеъри мазкур аз лиҳози шакли зоҳирӣ воқеан ба ғазал монанд буда, дорои матлаъ, мақтаъ ва ҳатто тахаллус аст. Аммо мазмуну муҳтаво ва услуби баёну забони шеър ба ғазал мувофиқ нестанд. Зеро «мавзўоти асли ғазал баёни эҳсосоту авотиф ва зикри ҷамолу камоли маъшуқ ва шикоят аз бахшу рўзгор аст». Ҳамчунин забон ва сабки баёни ғазал хеле латифу равон буда, истифодаи калимаву ибораҳои дурушту муғлақ дар он раво нест.
Шеъри мазкури Ибни Сино аввалан мавзўи арзиши бодаро дар бар мегирад, ки хоси ғазал нест. Сониян калимаву ибораҳои дурушти дақ, бақ-бақ, ҷаҳолати ҷуҳҳол, фатвои ақл, уқало, мулҳақ на танҳо фасоҳату малоҳати шеърро костаанд, балки гўшхарош буда, хушоҳангии шеърро, ки хоси ғазал аст, аз байн бурдаанд.
Ин бесабаб нест, зеро ҳадафи шоир васфи шароб набуда, бештар таъкиди арзиши он аст. Аз ин рў муаллиф бештар ба баёни матлаб таваҷҷўҳ намуда, ба латофату фасоҳати баён эътибор надодааст. Аксари байтҳо аз санъатҳои бадеӣ холӣ буда, андеша урён баён шудааст.
Бо ин хусусиятҳо шеъри мазкури Ибни Сино бештар ба урҷузаҳои арабии ў, ки манзумаҳои илмианд, монанд шудааст.
Зеро «урҷуза, чӣ хеле ки аз худи калима бармеояд (муштақ аз калимаи раҷаз) дар баҳри раҷаз гуфта мешуд ва мазмунан баёни мўҷаз ва содаи манзуми ин ё он соҳаи илм аст». Дар илми бадеи форсу тоҷик хусусиятҳои мазкур ба навъи қитъа хос мебошанд. дарвоқеъ шеъри мазкур комилан ҷавобгўи талаботи қитъа аст. Дар сарчашмаҳо низ шеъри ба бода бахшидаи Ибни Сино ғазал номида нашудааст. Аз ҷумла Восифӣ дар «Бадоеъулвақоеъ»
он шеърро «назм» унвон кардааст. Тавре ки А.Абибов навиштааст, «дар охири байти ғазал, ки дар нусхаи хаттии баёзи рақами 233 захираи дастхатҳои АФ Ўзбекистон, варақи 15а» «номи Бўалӣ зикр наёфтааст»,13 ки ин ҳам андешаи ғазал набудани шеъри мазкури Ибни Сино тақвият мебахшад, ҳарчанд дар қитъа ҳам баъзан тахаллус зикр мегардад.
Тавре ки аз ашъори боқимондаи Ибни Сино бармеояд, ў бо вуҷуди хеле хуб донистани назарияву амалияи шеър шоири ҳирфаӣ (касбӣ) набуда, ҳунари шоириро пеш аз ҳама барои ифодаи андешаҳои илмиву фалсафии худ истифода будааст. Аз ин рў дар ашъори Ибни Сино низ чун дар рубоиёти Умари Хайём мо бояд бештар на ба фасоҳату балоғат, тасвирофариву ширинбаёнӣ, балки ба ҳадафи асли ў таваҷҷўҳ зоҳир намоем.
Донишманди бузург Ибни Сино тамоми нерўву ҳастии худро сарфи хидмат ба инсон кардааст. Инсон ҳамеша дар мадди назари ў будааст. Ў ба таҳқиқи ҳар илме ё мавзўе напардозад, инсонро пеши назар дорад.

пешина
аз 625
навбатӣ