Равзанаи адаб

масалан, вақте ки ў ба илми тиб рўй меорад ва муҳимтарину маъруфтарин асари ин илм «Қонун дар тиб»-ро таълиф менамояд, онро бо чунин ҷумла оғоз карда, рисолати илми тибро дар хидмат ба инсон медонад: «Ба дурустӣ илми тиб илмест, ки аз он ҳолатҳои тани инсонро аз ҷиҳати солим ва носолим будани он бишиносад, то ки тандурустӣ андар ҳоли бадан нигоҳ дошта шавад».
Дар осори фалсафиву ахлоқии худ Ибни Сино ба тарбияи маънавии инсон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, аз ҷумла худшиносиро аз василаҳои муҳими ташаккулу пешрафти инсон медонад.
Ибни Сино кулли хулқу хислатҳои инсонро ба ду даста фазоил, яъне хислатҳои нек ва разоил-хислатҳои зишт ҷудо менамояд ва қабули онҳоро дар инсон ба муҳит ва тарбия марбут медонад. Ў бар хилофи адибону ҳокимони дигар амсоли Фирдавсиву Саъдӣ, ки хислатҳои мазкурро азаливу ирсӣ медонистанд, ба нақши инсон дар қабул ё радди хислатҳои неку бад эътимоду эътиқоди бештар дорад. инсон аз нигоҳи Ибни Сино метавонад дар ҳар маврид хислатҳои некро пазирад ва хислатҳои бад-разоилро то замоне ки одат нашудааст, тарк намояд. Дар ҳоле ки аз нигоҳи аксари адибону ҳакимони форсу тоҷик тарбияи бадасл имконнопазир аст, яъне зангӣ ё намад ба шустан сапед намешавад. Инсон тавассути худшиносӣ метавонад фазоилашро рушд дода, разоилро аз худ дур созад. Дар рисолаи «Тадбири манозил», ки ба ҳикмати амалӣ ихтисос дорад, Ибни Сино таъкид менамояд, ки тарбияи тифлро бояд ҳангоми аз синаи модар ҷудо кардани тифл шурўъ намуд, аз замоне, ки тифл ба хислатҳои зишт ошно нашудааст, яъне ў тарбияи некиву накўкориро аз ибтидо зарур мешуморад.
Ин андешаҳо, ки ҷавҳари назари ахлоқии Ибни Синоро ташкил медиҳад, дар осори манзуми ў низ асар гузошта, бозтоби васеъ ёфтаанд.
Қабл аз он ки ба баррасии ашъори боқимондаи Абўалӣ Ибни Сино пардохта шавад, зарур аст ба масъалаи мансубияти ашъор ба ў низ руҷуе ба амал ояд. Зеро чанд шеъре , ки ба Ибни Сино нисбат дода мешавад, дар маҷмўаи ашъори шоирони дигар низ ба назар мерасад.
Тавре ки маълум аст, аз асори манзуми Ибни Сино нусхаи хаттие, ки дар замони ў ё наздик ба замонаш китобат шуда бошад, то имрўз нарасидааст. Дар манобеи то қарни XV низ ашъори Ибни Сино хеле кам ба назар мерасад. Бинобар ин ба таври қатъӣ ба ў нисбат додани баъзе шеърҳо дуруст нест. Ҳарчанд ин масъала таваҷҷўҳи донишмандонеро амсоли Саидсодиқи Гавҳарин, М.Шариф, Е.Э.Бертелс ҷалб намудааст, вале то ҳол он амиқу ҳарҷониба таҳқиқ нашудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё