Равзанаи адаб

Ки як карим намеояд аз адам ба вуҷуд.
Инсоне, ки дар ашъори Ибни Сино тасвир шудааст, аксаран ба худи ў айният дорад ва андешаву эҳсосоти ўро ифода менамояд. Рубоии машҳури Ибни Сино, ки дарвоқеъ маромномаи ўст, бозгўи фидокориҳои илмии ў дар роҳи хидмат ба мардум мебошад:
Аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
Дар роҳи хидмат ба мардум инсон бояд нерўи худро дареғ надорад, пойбанди манфиатҳои маҳдуди худ набошад. Танҳо дар ин сурат метавонад комёбу муваффақ бошад:
Ва гар зи ҳастии худ бигзарӣ, яқин медон,
Ки аршу фарши фалак зери по тавонӣ кард.
Худшиносӣ аз рукнҳои асосии ташаккулу такомули инсон аст.
Инсон бо худшиносиву худогоҳӣ ва таъйини мақсаду маром дар зиндагӣ метавонад хушбахту осуда бошад:
Эй кош, бидонаме, ки ман кистаме,
Саргашта ба олам аз пайи чистаме?
В-арна ба ҳазор дида бигристаме,
Гар муқбилам, осудаву хуш зистаме.
Ибни Сино дар рисолаи «Тадбири манозил» низ худшиносӣ ва идораи нафсро аз шартҳои аввалини пешрафти инсон дониста таъкид мекунад: «Нахустин сиёсате, ки сазовор аст инсон бо он оғоз кунад, ҳамоно сиёсати нафси худ аст. Яъне аввал бояд дар ислоҳи нафси худ бикўшад, сиёсату тадбирашро дар он кору кўшиш ба кор бурда, хештанро солеҳу некў бинамояд». Муҳимтарин хислати ҳамидаи инсон аз нигоҳи Ибни Сино некиву накўкорист. Инсон дар зиндагӣ бояд аз худ осори нек гузорад. Аз омадану рафтани бесуд, беҳадаф гузаронидани вақт, машғул шудан ба корҳои ношоиста ҳосиле ҷуз надомату пушаймонӣ нест. Ибни Сино аз номи чунин ашхос хитоб мекунад:
Рўзаке чанд дар ҷаҳон будам,
Бар сари хоку бод паймудам.
Соате лутфу лаҳзае дар қаҳр,
Ҷони покизаро биёлудам…
Бо ҳавоҳои ҳирси шайтонӣ, Соате шодмона биғнудам…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё