Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Кас надонад, ки ман куҷо рафтам,
Худ надонам, ки ман куҷо будам.

Ибни Сино ба масъалаи дўстӣ таваҷҷўҳи зиёд зоҳир намуда, зарурати онро дар ҳаёти инсон таъкид кардааст. Дар ин мавзўъ ў ба забони арабӣ қасидае навишта, асари фалсафии худ «Рисолатуттайр»-ро бо васфу шарҳи дўстӣ оғоз намудааст. Зиндагии инсонро ў бе дўсту дўстӣ тасаввур намекунад. Пешрафти шахс, соҳиби обрўю иззат гаштани ў ба дўсти нек низ марбут аст. Аз ин рў инсон бояд ҳамеша саъй кунад, ки бо одамони нек риштаи дўстӣ бипайвандад. Зеро на ҳар кас шоистаи дўстист, ба хусус бо одамони бадаслу бадгуҳар дўстӣ кардан боиси рехтани обрўйи кас хоҳад шуд:

Бо ҳар касе зи рўи ҳаво дўстӣ мадор,
Бо ҳар касе зи содадилӣ рози дил магўй.
Бо мардуми музаввари бадасли баргуҳар,
Дар кўйи мардумӣ зи пайи дўстӣ мапўй25…

Ибни Сино ба нақши муҳиту ҷомеа дар тарбияи инсон эътимод дошта, таъсири ҳамнишини бадро ба инсони нек таъкид менамояд:

Бигзар аз банди маҷозу дур гард аз доми ҳис,
Ҳар ки бо дунон нашинад, ҳиммати ў дун шавад.

Ибни Сино дар оини дўстӣ хеле эҳтиёткор буданро зарур медонад. Ў ҳатто ҳамнишинӣ бо дўстонеро, ки бо душманон робитаи хуб доранд, нораво медонад:
Бо душмани ман чу дўст бисёр нишаст, Бо дўст нашоядам дигар бор нишаст.
Парҳез аз он шакар, ки бо заҳр омехт, Бигрез аз он магас, ки бо мор нишаст.

Дар қитъаҳои худ Ибни Сино як идда аз хислатҳои зиштро аз қабили ҳасаду дурўғ, ниёзу хасисӣ, сифлагиву заифӣ, ки дар осори фалсафиаш онҳоро разоил номидааст, барои ташаккули инсон музир дониста, дар ин дунёи фонӣ ҳар чи зудтар аз онҳо раҳо шуданро зарур мешуморад:

Ҳаром аст даҳ чиз бар родмард,
К-аз он шаш бувад марди озода фард.
Ҳасад бурдану сифлагию дурўғ,
Намудан ниёзу заифию дард28…

пешина
аз 625
навбатӣ