Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар ғазали зайл Ибни Сино дил набастан ба моли дунё, дур шудан аз ҳирсу ҳавасро талқин намуда, инсонро ба раҳоӣ аз олами маҳдуди ҳавову ҳавасҳои худ даъват мекунад:

Агар дил аз ғами дунё ҷудо тавонӣ кард,
Нишоту айш ба дори бақо тавонӣ кард…
Зи манзилоти ҳавас гар бурун ниҳӣ гоме,
Нузул дар ҳарами кибриё тавонӣ кард.

Дар шеъри мазкур мисли ашъори дигари Ибни Сино бовар ба инсон, қудрату тавоноии он, ки қодир аст арши фалакҳоро зери по карда, қуллаҳои дастнорасро фатҳ намояд, баён шудааст.
Ибни Сино дар ашъори арабии худ низ инсони накукору хирадмандро арҷ гузошта, ўро аз одами сарватманду бехирад авлотар медонад. Ў саховатмандиву ҳимматбаландӣ, доноиву хирадмандӣ, шуҷоату ҳунармандиро ситоиш карда, хасисиву бахилӣ, нодониву ҷоҳилӣ барин хислатҳои бадро мазаммат менамояд.
Андешаҳои башардўстии Ибни Сино на танҳо ба адибону донишмандони Шарқ таъсири амиқ расондааст, балки мавриди қабул ва идомаи мутафаккирони маъруфи Ғарб чун Фомаи Аквинӣ, Роҷер Бэкон, Сигери Брабантӣ, Гундисалвӣ, Петри Испанӣ, Оверий, Данте қарор гирифтааст. Бесабаб нест, ки Данте дар асари маъруфи худ «Мазҳакаи илоҳӣ» Ибни Синоро дар радифи Арастиву Суқрот, Афлотуну Диоген, Эвклиду Птолемей, Буқроту Гален гузоштааст.
Осори илмиву адабии Ибни Сино, ки ҳадафи асосии онҳо хидмат ба инсон аст, имрўз ҳам дардҳои ҷисмониву маънавии башарро шифо мебахшад.

пешина
аз 625
навбатӣ