Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дарвоқеъ шоир аз ин баҳр чунон табииву моҳирона истифода бурдааст, ки ҳатто ғайриоддӣ будани онро ба душворӣ пай бурдан мумкин аст. Аз ин ҷост, ки то ҳол касе аз муҳаққиқони ҳаёту осори Фаррухӣ ба ин масъала ишорае накардааст ва ҳатто Мазоҳир Мусаффо, ки ҷадвали вазни қасидаҳои шоирро дар асараш овардааст, аз нишон
8 додани вазни қасидаи мавриди назари мо худдорӣ намудааст.
Муқоясаи ин ду тағаззул, ки дар яке бештар амалиёту ҳаракат ва дар дигар ҳолату ҳамоҳангии ашёву ҳодисаҳои табиат мавриди тасвир қарор гирифтааст, маҳорати баланди шоирро дар офаридани тасвирҳои рангину мухталиф ва гуногунии усулҳои тасвири ўро, ки ба тақозои мазмуни шеърҳо сурат гирифтааст, зоҳир менамояд.
Аз ҷумла, чунон ки дидем, агар дар тағаззули аввал бунёди тасвир асосан бар ташбеҳ қарор гирифта, санъату воситаҳои дигар ба он тобеъ бошад, дар тағаззули дуюм санъатҳои тарсеъу тақсим ва усули симметрия мавқеи асосиро ишғол намуда, санъатҳои ташбеҳу тавсиф ва дигар воситаҳои баён онҳоро тақвият медиҳанд.
Ҳамин тавр, дар тағаззули аввал, ки ба ҳаракату ҳолати зуд-зуд ивазшавандаи ашёҳои табиат алоқаманд аст, усули тағйирёбандаву динамикии тасвирро тақозо намуда, тағаззули сонӣ бошад бо усули симметрияву статикии тасвир, ки мазмуни он дархост мекунад, эҷод шудааст. Аз ин ҷост, ки агар дар тағаззули аввал умуман феълҳо ва махсусан феълҳои ифодакунандаи ҳаракат фаровон бошанд ва ҳатто баъзе мисраъҳо саросар аз феълҳо таркиб ёфта бошад, дар тағаззули дуюм, ки миқдори байтҳояш аз тағаззули аввал бештар аст, ягон феъл ба назар намерасад. Вале дар ҳар ду маврид ҳам тасвирҳо мукаммалу яклухт буда, басо шевою табиӣ қаламдод шудаанд.
Ин бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки тасвирҳои офаридаи Фаррухӣ ва дигар шоирони номии гузашта ҳама якрангу якнавохт набуда, дар онҳо эҳсосу андешаҳои мухталиф бо тарзу усулҳои гуногуни эҷодӣ нигориш ёфтаанд. Бинобар ин наметавон ба чунин ақидаи адабиётшиноси маъруфи Эрон Абулҳусайни Зарринкўб розӣ шуд:
«Дар ин девони куҳан (девони Фаррухӣ – М.М.) он чи имрўз хотири ин шеърдўсти ҷавони рўзгори моро битавонад розӣ кунад, бисёр нест.
Тавсифҳои табиату боғу баҳор ва гулу сабза, албатта, дар ин ашъор бисёр аст. Аммо табиат ва баҳоре беному бетаъйин, ки саросари он дар гулу сабза ғарқ аст ва ҷуз нағмаи мурғону хандаи ошиқон чизе дар он нест ва ҳеҷ наметавон донист, ки он баҳорро шоир кай ва куҷо дарёфтааст ва дар ҳар баҳоре дар дилу ҷони ў чӣ дарде ва ғавғое
9 будааст…»
Бар хилофи ақидаи Зарринкўб тағаззулҳои мавриди назари мо нишон медиҳанд, ки шоир ашёву манзараҳои табиатро чунон табииву воқеъӣ ва бориксанҷона ба қалам додааст, ки хонанда аз мутолиаи

Абулҳасани Зарринкўб. Бо корвони ҳулла, Теҳрон, 1343, саҳ. 27.

пешина
аз 625
навбатӣ