Равзанаи адаб

Аз байти мазкур агар аз як тараф алоқаву дилбастагии шоир ба «Авесто» зоҳир гардад, аз сўи дигар назари мусбати ҳокимони сомонӣ ҳам ба китоби муқаддаси оини зардуштӣ равшан мегардад. Дарвоқеъ ҳокимони тоҳириву саффорӣ ва ба хусус амирони сомонӣ ҳама мутадаййин буда, барои густариши дини Ислом ва тарвиҷи он дар Аҷам хидмати зиёде кардаанд.
Беҳуда нест, ки Амир Исмоили Сомонӣ бо лақаби амири ғозӣ машҳур гаштааст. Вале аксари онҳо аз таассуби диниву мазҳабӣ, ки дар қарнҳои баъд хеле ривоҷ меёбад, дур будаанд. Дар аҳди Сомониён дар шаҳрҳои Бухорову Самарқанд дар радифи уламои мусулмон донишмандони масеҳӣ, юнонӣ, румӣ, чинӣ ва амсоли онҳо озодона фаъолият доштанд, дар китобхонаҳои маъруфи Бухоро китобҳои фаровоне ба забонҳои мухталифи дунё мавҷуд буданд…
Ашъори шоирони ин давра низ ба зиёд набудани таассуби диниву мазҳабӣ дар он замон гувоҳӣ медиҳад. Масалан, Рўдакӣ дар зимни шеъри ғиноие бо лаҳни ҳазлу мутоиба садои барбатро аз такбир хуштар медонад:
Дўстон он хурўши барбат бў,
Хуштар ояд ба гўшам аз такбир.
Ишқ ошиқи шефтаро ҳатто ба калисо меорад:
Аз Каъба калисонишинам кардӣ,
Охир дар куфр беқаринам кардӣ.
Аз сурудаҳои шоирони форсигўи ин давра маълум мегардад, ки ҷашну оинҳои бостонии ориёӣ мисли Наврўз, Меҳргон, Сада аз нав эҳё гаштаанд. Рўдакӣ мамдўҳро бо ҷашни Меҳргон табрик мегўяд :
Малико, ҷашни Меҳргон омад,
Ҷашни шоҳону хусравон омад.
Мунҷики Тирмизӣ низ мамдўҳаш Тоҳири Чағониро бо фаро расидани ҷашни бостонии Меҳргон шодбош мегўяд:
Худойгоно, фархунда Меҳргон омад,
Зи боғ гашт ба таҳвил офтоб аҳвол.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё