Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

24Андарзномаи Ҷомӣ,мураттибон М.Муллоаҳмад, М.Хуҷова,
Душанбе,
2014, с.7.
25 Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ. Ганҷи ирфон, ҷилди 1,
Душанбе, 2015, с.
149.

Ҳасани Деҳлавӣ-устоди ғазал

Амир Наҷмиддин Ҳасан ибни Алои Сиҷзии Деҳлавӣ аз суханварони маъруфи форсизабони Ҳиндустон аст, ки дар рушди адабиёти Эрон саҳми бузург гузоштаанд. Ва шоир ва нависандаи хеле пуркор буда, назар ба қавли муаррихи муосираш Зиёуддини Баранӣ дар «Таърихи Фирўзшоҳӣ» ўро таълифоти назму наср бисёр аст… ва Амир Ҳасанро низ чанд девон аст ва саҳоиф ба нас рва маснавиёт бисёр аст. Вале то имрўз на ҳамаи осори ў боқӣ мондааст. Аз осори Ҳасани Деҳлавӣ беш аз 1500 ғазал боқӣ мондааст, ки ба маҳорати баланди ў дар сурудани ин навъи шеър гувоҳӣ медиҳад. Дарвоқеъ Ҳасани Деҳлавӣ дар таърихи адабиёти форсизабон беш аз ҳама бо ғазалиёти худ маъруф аст. Устодии ўро дар ғазалсароӣ ҳамаи муҳаққиқони осораш таъйид кардаанд. Аз ҷумла Забеҳулло Сафо навиштааст: «Вай (Ҳасани Деҳлавӣ – М.М.) агарчи қасоиди мутааддид ба истиқболи сухангўёни пеш аз худ дорад, вале аҳамияту шўҳраташ дар ғазалсароист». Ҳарчанд роҷеъ ба аҳволу осори Ҳасани Деҳлавӣ дар Ҳиндустон, Эрон, Тоҷикистон, Русия ва кишварҳои Аврупо як силсила рисолаву мақолот ба табъ расидаанд, вале ғазалиёти ў ҳанўз мавриди тадқиқи ҷудогона қарор нагирифтааст ва маҳорату хидмати ў дар рушди ин навъи шеър нишон дода нашудааст.
Зимнан ин ҷо бояд аз ду муҳаққиқи аҳволу осори Ҳасани Деҳлавӣ дар Шўравии собиқ ёдовар шуд. Донишмандони тоҷик Муҳаммадвафо Бақоев ва Лола Саломатшоева бори аввал хонандагони тоҷикро соли 1965 бо мунтахаби осори шоир шинос намуданд. Л.Саломатшоева таҳқиқи осори шоирро идома дода, нусхаи девони ўро, ки дар Китобхонаи ба номи Салтиков- Шедрини Петербург маҳфуз буда, соли 1022 ҳ. китобат шудааст, ба тариқи аксӣ чоп намуд.

пешина
аз 625
навбатӣ