Равзанаи адаб

Ў ҳамчунин ду рисола дар бораи афкори фалсафии шоир ба табъ расонда, дар мавзўъи андешаҳои фалсафии Ҳасани Деҳлавӣ рисолаи докторӣ дифоъ намуд.
Дар ин мақола роҷеъ ба баъзе вежагиҳои ғазалиёти Ҳасани Деҳлавӣ мулоҳизаҳо баён мегардад.
Тавре ки ҳамаи муҳаққиқони осори шоир таъйид кардаанд, мавзўи асосии ғазалиёти Ҳасани Деҳлавӣ ишқ аст. Дар ғазалҳои шоир васфи зебоиву ҳусни зоҳирии маъшуқ, тасвири дарду ранҷҳои ошиқ, бевафоиву бадаҳдии маъшуқу аҷзу нотавонии ошиқ, шодии висолу ғами фироқ ва амсоли инҳо хеле барҷаставу шево сурат гирифтааст.
Маъшуқи ғазалҳои Ҳасани Деҳлавӣ қабл аз ҳама зеборухи заминист, ки дар ҳусну малоҳат беҳамтост:
Эй, ки то даври олам аст, наҷод,
Аз ту зеботар одамизоде.
Ошиқ дар ғазалҳои шоир аксаран ранҷуру дардманд аст, насиби ў азобу дарди ишқ аст:
Эй Ҳасан, ошиқ шудӣ роҳат маҷў,
Гандумат надҳанд, чун ҷав коштӣ.
Аз ин ҷост, ки ошиқ дар ғазалҳои Ҳасан бештар ба саг монанд карда мешавад, ки рамзи беқадриву хорӣ, ситамкашиву ранҷурӣ ва ҳамчунин садоқату вафодорист:
Гар саги кўи худам хонӣ шабе,
Бошад он шаб рўзи бозори ман аст.
Саги он остон Ҳасан будаст,
Гарчи саг буд, одамиваш буд.
Ба садри шиста, қадаҳ хўрда шергир шуда,
Аз ин камина – саги остон намепурсад.
Бад-ў гуфтам, ки худро менамоям чун саге пешат,
Ҷавобам доду гуфто худнамоёнро кӣ мепурсад?
Эй, ман саги кўи ту мазан санги ҷафоям,
Донӣ, ки маро ҷу дари ту ҳеҷ даре нест.
Байти охир ғазали машҳури Камоли Хуҷндиро ба ёд меорад,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо