Равзанаи адаб

12 Девони Шайх Камоли Хуҷандӣ, нашри Эраҷи Гулисурхӣ, ҷ.1,-С. 173, 189.
13 Девони Камолиддин Масъуди Хуҷандӣ. –Маскав, ч.2-2,-С.
876, 1000.
15Девони Шайх Камоли Хуҷандӣ, нашри Эраҷи Гулисурхӣ, ҷ.1,-С. 173, 189.
16 Девони Камолиддин Масъуди Хуҷандӣ. –Маскав, ч.2-2,-С.
876, 1000.
18Девони Шайх Камоли Хуҷандӣ, нашри Эраҷи Гулисурхӣ, -
С. 56.
19 Х. Мирзозода. Таърихи адабиёти тоҷик, китоби 2,
Душанбе, 1977, С. 274.
20 Девони Шайх Камоли Хуҷандӣ, нашри Эраҷи Гулисурхӣ, -
С. 927.
21 Девони Камолиддин Масъуди Хуҷандӣ, -Маскав, ҷ.2-1, -С.
551.
"Одамӣ аст аз паи кори бузург"
Амир Хусрави Деҳлавӣ (1233-1325) аз суханварони барҷастаест, ки бо ашъори обдору рангин, маснавиҳои шўрангезу дилнишин, достонҳои таърихиву қаҳрамонӣ ва рисолаву асарҳои пурмазмунаш дар таърихи адабиёти тоҷику форс мақому мартабаи баландеро ишғол менамояд. Дар маркази офаридаҳои ин адиби мумтоз ҳам монанди дигар бузургони адабиёти тоҷику форс тасвири инсон, ситоиши бузургиву хирад, тараннуми орзуву омол, тавсифи хислатҳои неку ҳамидаи ў меистад.
Агар дар шеърҳои лирикии Амир Хусрав симои инсон бештар тавассути ифодаи эҳсосу андешаҳои латиф, орзуву уммедҳо ва дигар ангезишҳои олами ботинии ў, дар маснавиҳои ишқӣ бо тасвири саргузаштҳои ошиқонаву офаридани образу характерҳои фардӣ, дар достонҳои таърихӣ ба воситаи тавсифи корнамоиву қаҳрамониҳои вай таҷассум ёфта бошад, пас дар маснавии "Матлаъунанвор" моҳияти инсон ба василаи баёни пуробуранги фикру андешаҳои ахлоқиву иҷтимоӣ ва фалсафиву динии шоир ифода гардидааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо