Равзанаи адаб

То солҳои охир маснавии "Матлаъуланвор" диққати муҳаққиқонро ба худ ҷалб накарда буд ва танҳо дар асарҳои донишмандони маъруф Шиблии Нўъмонӣ, Э.Е. Бертелс, Б.
Ғафуров, А.Н. Болдирев, А. Мирзоев ва А. Стариков дар хусуси он ишораҳои ҷудогона мавҷуд буд. Баъдтар дар тадқиқотҳои охирини хусравшиносон Ғ. Алиев ва марҳум М. Бақоев ба моҳияти достони мазкур дар эҷодиёти шоир бештар диққат дода шуд ва ниҳоят шарқшиноси озарбойҷонӣ Т. Муҳаррамов рисолаи доктории худро ба таҳқиқ ва таҳияи матни илмӣ-интиқодии "Матлаъуланвор" бахшид. Т. Муҳаррамов дар таҳлили бобҳои достон ҳамчунин ба афкори гуманистии шоир диққат дода, яке аз масъаҳои асосии асарро аз ғояи инсондўстӣ иборат медонад.
"Матлаъуланвор" достони аввали "Хамса"-и Амир Хусрав буда, соли 1297 дар пайравии "Махзануласрор"-и Низомӣ навишта шудааст ва монанди маснавии Низомӣ аз 20 боб иборат аст.
Аз байтҳои хотимавии достон ҳам бармеояд, ки он дар як муддати кўтоҳе навишта шуда, аз 3310 байт иборат будааст:
Боре аз андешаи ганҷинасанҷ
Гашт яке чанд фароҳам зи ганҷ...
Бист хазинаст дар ў пур зи ганҷ,
Бист хазинасту саду бисту панҷ.
В-ар ҳама бист оварӣ андар шумор,
Сесаду даҳ баршумару даҳ ҳазор.
Аз асари ахтари гардунхиром
Шуд ба ду ҳафт(а) ин маҳи комил тамом.
Сол, ки аз чархи куҳан гашта буд,
Аз паси шашсад наваду ҳашт буд.
Ҳарчанд бобҳои "Матлаъуланвор" ба масъалаҳои гуногуни иҷтимоӣ, ахлоқӣ, фалсафӣ ва динӣ бахшида шудаанд, вале онҳо парешону берабт набуда, ғояи инсони комил ва роҳҳои ташаккули он ҳамаи ин бобҳоро ба ҳам алоқаманд мегардонад ва ягонагиву яклухтии достонро таъмин менамояд. Аз ин ҷост, ки пас аз фаслҳои анъанавии тавҳиду наът ва тасвири манзараҳои зебои табиат, ки таваҷҷўҳи хонандаро ба масъалаҳои асосӣ ҷалб менамоянд, боби "Гуфтор дар улуми мартабаи бани одам" меояд.
Дар ин боби асосии маснавӣ муҳимтарин андешаҳои ахлоқиву гуманистии шоир, ки дар бобҳои минбаъда тавсиа ва шарҳу тафсир меёбанд, ба таври мухтасар баён карда шудаанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо