Равзанаи адаб

Ҳатто шоир ғазали ошиқонаи худро бо руҷуъ ба Зардушт шурўъ менамояд :
Бархезу барафрўз, ҳало қиблаи Зардушт,
Биншину барафкан шиками қоқум бар пушт.
Бас кас, ки зи Зардушт бигардид дигар бор,
Ночор кунад рў ба сўйи қиблаи Зардушт.
Дар қитъаот ва пораҳои боқимондаи қасоиду ғазалиёти
Дақиқӣ низ ишора ба шоҳону қаҳрамонони бостонии Эрон ба назар мерасад:
Малик он ёдгори оли Доро,
Малик он қутби даври оли Сомон.
Ба пои лашкараш Ноҳиду Ҳурмуз,
Ба пеши лашкараш Мирриху Кайвон.
Эҳёи суннатҳои бостонии фарҳангу тамаддуни ориёӣ ба хусус дар «Шоҳнома»-и безаволи ҳаким Фирдавсӣ, ки он ҳам аслан офаридаи аҳди Сомонӣ аст, ба ҳадди аъло мерасад. Таҳқиқи ҳарҷонибаи суннатҳои мазбур дар он шоҳасар аз вазифаҳои ояндаи адабиётшиносону фарҳангшиносон буда, ҷанбаҳои тозаи адабиёту тамаддуни ориёиро равшан мекунад ва бори дигар ба субут хоҳад расонд, ки суннатҳои фарҳангии Эрони бостон дар адабиёти форсизабон ҳеҷ гоҳ комилан қатъ нашудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё