Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чунин қитъаҳои шоир ба ҳадде соддаву бепирояанд, ки хабари рўзномаро мемонанд. Ин хусусияти асосии қитъаҳои Салмон ва умуман навъи шеърии қитъа аст. Яъне шоир сайъ мекунад, ки ҳодисаву воқеаро ҳар чи дақиқтару саҳеҳтар сабт намояд ва ё матлабро ошкоро баён кунад. Аз ин ҷост, ки аксари қитъаҳои шоир ҳатто аз номаҳои маъмулӣ соддатаранд. Вале ин бунёди ҳунарии қитъаро аз байн набурдааст ва худи соддагиву самимияти эҳсосу андешаи шоир зебоиву таъсири шеърро афзудааст. Бинобар ин қитъаоти Салмон дар баробари падидаи ҳунарӣ будан арзиши баланди таърихӣ дошта, ҷиҳати ба таври амиқ дарк кардани аҳволу осори шоир ва вазъи сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии замони ў хеле судманд аст.
Соли 1997

Абдурраҳмони Ҷомӣ – суханвари башардўст

Абдурраҳмони Ҷомӣ аз ситорагони тобноки осмони шеър аст, ки тўли асрҳо бо нури хираду маърифат роҳи ҳаёти мардумони зиёдеро мунаввар месозанд. Осори фаровону рангини адабиву илмии ў соҳаҳои гуногунро фаро гирифта, аз вусъати дониш ва паҳнои назари шоир ва мутафаккири бузург гувоҳӣ медиҳад. Шоир тақрибан дар ҳамаи анвоъ ва мавзўоти маъмули адабӣ асар офаридааст. Дар асарҳои ў масъалаҳои гуногуни ҳаёт пайвасти бо эҳсосу андешаҳои баланд бозтоб ёфтаанд. Бесабаб нест, ки дар баъзе сарчашмаҳои адабӣ Ҷомиро хотиматушшуаро, яъне охирин шоири бузурги форсизабон номидаанд.
Албатта, тавре муҳаққиқон ба субут расондаанд, пас аз Ҷомӣ низ шоирони бузург зиндагӣ кардаанд. Вале ў суннатҳои пешини адабиётро идома дода, ҳакимона ҷамъбаст намудааст.
Яке аз он суннатҳо, ки дар осори Абдураҳмони Ҷомӣ чун хатти зарин ба назар мерасад, андешаву эҳсосоти башардўстӣ мебошад. Таҷаллии ин андешаву эҳсосотро ҳам дар ашъори ғиноии шоир, амсоли ғазалу қасида, таркиббанду тарҷеъбанд, рубоиву қитъаҳо ва ҳам дар маснавиҳои бузурги «Ҳафт авранг» ва асари мансури «Баҳористон» метавон мушоҳида кард.
Дар маркази ҳамаи офаридаҳои Ҷомӣ низ инсон қарор дорад. Ў ҳам мисли Рўдакиву Фирдавсӣ, Носири Хусраву Умари Хайём, Саноиву Аттор,Саъдиву Ҳофиз ва дигар суханварони маъруф бузургии инсонро ситоиш карда, орзуву омол, андешаву эҳсос, мақсаду маром ва ормонҳои ўро ба қалам додааст. Ў низ мисли гузаштагон ҳадафи асосии инсонро дар зиндагӣ анҷоми кори нек, гузоштани осори хуб медонад:

пешина
аз 625
навбатӣ