Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бигзашт чор моҳ, ки аз девон рўзиам,
Яу ҷав ба ваҷҳи ротибу иҷро намерасад.

Дар чанд қитъа шоир аз аспе, ки мамдўҳ фиристодааст, шикоят карда, иваз намудани онро дархост кардааст:

Аспе сиёҳу пирам доданду ман бар онам,
К-андар ҷаҳон сиёҳӣ з-он пиртар набошад.

Шутури фиристодаи мамдўҳ низ лоғар буда, ба гурбаву анкабут монанд шудааст:

Дидам заиф ҷонваре мисли анкабут,
Гуфтам, к-аз ин матоъ маро дар саро басест.

Шоир вазъи ногувори худро ба қалам дода, аз мамдўҳ ошкоро додани ғаллаву чорво ва ё чизҳои дигари барои зиндагӣ ногузирро талаб намудааст:

Ғалла мехоҳӣ зи даргоҳе, ки дар кори карам
Ҳар ду оламро ба коҳе пеши ў миқдор нест.
Ғаллае бе гову бе зар худ зироат чун кунам?
К-аз зироат ҳар киро зар нест, бархўрдор нест.

Ҳамин гуна матлабҳои марбут ба рўзгори шоир дар аксари қитъаҳои ў ба назар мерасад. Зимнан бояд гуфт, ки замони Салмон давраи ривоҷи қитъасароӣ дар таърихи адабиёти форсу тоҷик ба шумор меравад. Салмон ҳарчанд дар сурудани қитъаҳои ҳаҷвӣ табъозмоӣ накардааст, вале дар баъзе қитъаҳои ў тасвири танзомези хоси қитъаоти Убайди Зоконӣ мушоҳида мешавад. Қитъаҳои ахлоқиву фалсафӣ, ки дар осори Саъдиву Ибни Ямин ба дараҷаи баланд расида буд, дар осори Салмон мавқеи баланд надоранд.
Вале дар чанд қитъаи Салмон аз мазаммати ҳирсу тамаъ, хасисиву мағрурӣ ва тарғиби қаноату ҳимматбаландӣ сухан рафтааст. Ҳамчунин дар иддае аз қитъаҳои Салмон монанди қитъаҳои Саъдиву Ибни Ямин матлаб бо нукоти шоирона ва ё тасвирҳои рангину дилнишин баён шудааст. Масалан, дар қитъаи зер тақозои либос ба ин тариқ сурат гирфтааст:

Эй, зи мо мустағниву амсоли мо,
Бар шумо аҳволи мо пўшида нест.
Бар танам пўшиданӣ ин асту бас,
Бандаро ҳеҷ аз шумо пўшида нест.

Вале дар аксари қитъаҳои Салмони Соваҷӣ хоҳ ҳодисаҳои муҳимми
таърихӣ ва хоҳ воқеаҳои рўзгори шоир хеле соддаву табиӣ бе суханпардозиву зикри саноеи зиёди лафзиву маънавӣ ба қалам дода шудаанд.

пешина
аз 625
навбатӣ