Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҷаҳонподшоҳо, дар инсоф кўш,
Зи ҷоми адолат маи соф нўш!

Ҷомӣ, ки бо шоҳону вазирон, надимону дарбориён қаробату ҳамнишинӣ дошт, аз зулму бедодгарии онон, амали зишташон огоҳ буд. Шояд барои ба роҳи росту дуруст ҳидоят кардани онҳо ў насиҳатро пеша карда бошад. Зеро ў василаи беҳтар из инро дар тарбияти инсон намедид. Шоир ба неруи сухан ва асари насиҳат бовар дошт:

Аз насиҳат ноқисон комил шаванд,
Аз насиҳат мудбирон муқбил шаванд.

Бесабаб нест, ки дар «Хирадномаи Искандарӣ» барои ташаккули Искандар ҳамчун шоҳи одилу хирадманд маҳз насиҳат нақши калидӣ ва ҳалкунанда дорад. Дарвоқеъ насиҳат дар достони мазкур василаи шахсиятсоз буда, омили асосии ташаккулву такомули шоҳ ба шумор меравад. Тавассути насиҳат шоир аз Искандари таърихӣ, ки сарлашкари шуҷоъ, вале ғосибу таҷавузкор буд, як шахсияти мухолифи он шоҳи одилу хирадмандро ба вуҷуд овардааст.
Панду андарз дар адабиёти тоҷику форс дорои суннати хеле ғанӣ ва қадимӣ буда, ба хусус дар давраи тоисломӣ ривоҷи зиёд доштааст Идома ва ҷамъбасти он суннатро дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ метавон мушоҳида кард. Пандномаи Бузургмеҳр, ки Фирдавсӣ хеле батафсил овардааст, далели барҷастаи он аст. Ҷомӣ низ ин суннати бостонии фарҳангиро идома дода ба ҳадди камол расондааст. Панду андарзҳои шоир хеле рангин буда, ҷанбаҳои гуногуни ҳаётро фаро мегиранд. Масалан, омўзиши ҳунарро тарғиб намуда, онро аз зар авлотар медонад:
Дар ҳунар кӯш, ки зар чизе нест, Ганҷи зар пеши ҳунар чизе нест.


Қимати мард на аз симу зар аст,
Қимати мард ба қадри ҳунар аст.

пешина
аз 625
навбатӣ