Равзанаи адаб

Ростиву росткориро Ҷомӣ из беҳтарин рафтору амалҳои инсон мешуморад ва ҳамеша онро талқин менамояд:
Рост рав, рост, ки сарвар бошӣ,
Дар ҳисоб аз ҳама бартар бошӣ!
Рост ҷў, рост нигар, рост гузин,
Рост гў, рост шунав, рост нишин!
Аз каҷиву каҷравӣ андеша кун,
Ростии ростравон пеша кун!
Ҷомӣ низ некиву накўкориро аз хислатҳои ҳамидаи инсонӣ медонад:
Нек кун, то нек пеш ояд туро,
Бад макун, то бад нафарсояд туро.
Бў, ки аз чун ту накўкирдоре,
Ба дили кас нарасад озоре.
Ба гетӣ мазан ҷуз ба некӣ нафас,
Ки ин аст оини некону бас!
Ба ин тартиб панду андарзҳои шоир тамоми паҳлуҳои асосии зиндагии инсонро дар бар мегиранд. Риштае, ки он ҳамаи дурру марворидҳои панду насиҳатии шоирро ба ҳам мепайвандад, ҳамон андешаву мароми башардўстӣ аст. Зеро шоир ба ҳар мавзўъе мурур кунад, инсон ва халқро дар мадди назар дорад.
Наҷибтирин вазифаи ҳар фардро ў дар хидмат ба халқ медонад:
Эй ки пурсӣ, ки «беҳтарин кас кист?»
Гўям аз қавли беҳтарин касон:
Беҳтарин кас касе бувад, ки зи халқ,
Беш бошад ба халқ нафърасон!
Ҷомӣ дар роҳи хидмат ба халқ фидокориву ҷоннисориро талқин намудааст:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо