Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт,
Наздики Худованд бадӣ нест фаромушт.

Ин ҳама далели он аст, ки Рўдакӣ ва ҳамасронаш аз ҳоли мардуми бенаво, аз беадолативу носомонии иҷтимоии давр ғофил набуда, дарди мардум ва ҷомеаро ба ҳар васила иброз медоштанд ва садои эътирози хешро баланд мекарданд, ки ин садо имрўз ҳам шунавост ва баъзе дардҳои инсон ва ҷомеаро бозгў менамояд.

Соли 1999

Ситоиши инсон дар осори Рўдакӣ

Дар осори Абўабдулло Рўдакӣ, қофиласолори адабиёти классики тоҷику форс, яке аз саромадони адабиёти башарӣ, ки имрўз аз он намунаҳои каме чун пораалмосҳои дурахшанда боқӣ мондаанду аз рангиниву шукўҳ ва арзиши баланди худ шаҳодат медиҳанд, инсон ва тасвиру тавсиф ва бузургдошти он мақоми шоистае дорад. Аслан тавсифи инсон дар таърихи адабиёту тамаддуни тоҷику форс аз замонҳои қадим аз масъалаҳои эҷоди бадеӣ ба шумор мерафт. Ҳанўз дар асотири қадимаи халқҳои эронӣ, ёдгориҳои бостониии адабиёти паҳлавию монавӣ ситоиши қудрату тавоноии инсон ҷой доштанд. Дар «Авесто», ёдгории бостонии ниёгонамон бузургии инсони нерўманду тавоно, диловару зебо ва ситоиши некиву накўкории он, муборизаи ў бар зидди зиштиву торикӣ бозтоб ёфтааст.
Адабиёти нави тоҷику форс, ки дар ҳамбастагӣ бо худогоҳиву ташаккули халқи тоҷик ва муборизаи он алайҳи хилофати араб баҳри истиқлол тақвият меёфт, аз сарчашмаи пурфайзи анъанаҳои инсондўстии тамаддуни гузашта чошнӣ гирифта буд, он суннатҳоро ҳамвора такмил медод. Осори устод Рўдакӣ - сарвару саромади ин адабиёт, ки саршор аз эҳсосоти башардўстӣ буда, қарнҳост чун таронаи муҳаббат ва садоқат садо медиҳад, худ гувоҳи он ин матлаб мебошад.
Рўдакӣ маъниву мақсади асосии зиндагии инсонро пеш аз ҳама аз некиву накўкорӣ иборат медонад. Дар умри гузарон, ки ҳар лаҳзаи он бебозгашт аст, инсон бояд аз худ танҳо ёдгории бегазанди некройӣ, накўгуфторӣ ва накўкирдорӣ бигзорад. Шоир ҳамин матлаби инсондўстонаи хешро хеле содаву самимӣ бо сабки саҳли мумтанеъ баён намудааст:

Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,
Не бад- он чашм, к- андар он нигарӣ.
Ҳамчу дарёст в- аз накўкорӣ,
Киштие соз то бад – он гузарӣ!

Рўдакӣ дар ситоиши инсон ба анъанаҳои тамаддуни
гузаштаи халқҳои эронинажод содиқ мондааст. Зеро дар ёдгориҳои
бостонӣ ҳам, ки тавсифи некию накўкорӣ ҷои асосиро ишғол
менамояд, бартарин некӣ бар бадӣ ва сифати барозандаи инсон ва
тамоми мавҷудоти ҳастӣ будани некӣ ифода шудааст. Рўдакӣ
некиро на танҳо аз хислатҳои ҳамида медонад, балки онро дар

пешина
аз 625
навбатӣ