Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳатто дар шеъри тасаввуфӣ, ки раванди хосу мутафовит дошт, таъсири шеъри Рўдакиву муосиронашро равшан метавон дид, ки ғазалҳои Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ гувоҳ бар онанд.
Ҳарчанд роҷеъ ба адабиёти асрҳои 1Х – Х тоҷику форс баррасиву ҷустор ҳои зиёди илмӣ шудааст, вале суннатҳои асосии ин адабиёт, ба хусус шеъри форсӣ, сайри онҳо дар асрҳои пасин ҳанўз мавриди таҳқиқ қарор нагирифтаанд. Дар ҳоле ки аз осори хеле ғании Рўдакиву муосиронаш миқдори ниҳоят кам боқӣ мондааст ва девонҳои шоирони садаҳои пасин ҳам ба табъ нарасидаанд, баррасии амиқу ҳарҷонибаи ин масъала имконнопазир аст. Вале тавре мегўянд :

Оби дарё гар набитвон дам кашид,
Ҳам ба қадри ташнагӣ бояд чашид.

Аз ин рў муҳим будани мавзўъ моро водор кард, ки ба таҳқиқи муқаддимотии он пардохта, мушоҳидахои худро манзури аҳли илму адаб намоем, то барои барасиҳои оянда заминае муҳайё бошад.
Адабиёти аҳди Сомониён дарвоқеъ аз дурахшонтарин давраҳои таърихи адабиёти бостонии мардумони эронинажод аст, ки ганҷинаи тамаддуни Эрон ва ҷаҳонро бо дурдонаҳои гаронбаҳои худ ғанӣ намуда, бунёди адабиёти нави форсиро гузоштааст, ки дар тўли беш аз ҳазор сол бо унвонҳои «адабиёти Эрон», «адабиёти форсӣ», «адабиёти форсу тоҷик» ва амсоли инҳо сайру такомулу таҳаввул дорад. Бо вуҷуди он ки аксари офаридаҳои адибони давраи мазкур бар асари ҳаводиси нохуш то замони мо нарасидаанд, он чӣ то имрўз боқӣ мондааст, аз ғановату сарвати хазинаи адабиёти он даврон гувоҳӣ дода, аз пурбортарин давраҳои таърихи адабиёти форсизабон будани онро ба субут мерасонад. Осори устод Рўдакӣ, бино бар ишораи Рашидии Самарқандӣ, аз як миллиону сесад ҳазор байт ё ҳадди ақал аз сад ҳазор байт иборат будааст.1Ё худ «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, ки, хушбахтона, ба таври мукаммал боқӣ мондааст, аз шаст ҳазор байт иборат аст. Муаллифону мураттибони тазкираҳову фарҳангҳои қарнҳои баъдина аз ному осори беш аз ҳафтод шоири он давра ёд кардаанд, ки ин ҳама аз ривоҷи беназири адабиёт шаҳодат медиҳад.
Ин адабиёт на танҳо бо миқдори адибону осори онон, балки бо мазмуну андешаҳои баланди башардўстиву ватанпарастӣ, масоили муҳими иҷтимоиву ахлоқӣ ва шеърияту сабки шевои худ низ мумтоз аст.

пешина
аз 625
навбатӣ