Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Воқеан саъю кўшиш ва меҳнат офаридгори бахти инсонанд. Шоир таъкид мекунад, ки ҳарчанд дар замони ў бахт ёри хирадманд нест, вале вай бо саъю кўшиш метавонад бахти худро ба даст оварад:

Бо хирадманд бевафо ин бахт,
Хештани хешро бикўш ту як лахт.
Худ хўру худ деҳ, куҷо набуд пушаймон
Ҳар ки бидоду бихўрд аз он чӣ билфахт.

Рўдакӣ мақоми илму донишро дар ҳаёти инсон хеле баланд медонад. Ў таъкид мекунад, ки инсон ба дониш эҳтиёҷи калон дорад ва он мушкилкушои ҳама гуна душвориҳои ҳаёт буда, ҳамеша раҳнамои зиндагист. Аз ин рў шоир омўзиши илму донишро ҳам яке аз шартҳои асосии камолоти инсон медонад ва пайваста онро тарғиб мекунад. Ў донишро аз тамоми ганҷҳои олам пурарзиштар медонад:

Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,
То тавонӣ, рав туву ин ганҷ неҳ.

Ситоиши ақлу хирад ва илму дониш низ аз мавқеи инсондўстии шоир сар мезанад. Зеро шоир бо тавсифи ақлу дониш муқтадиру тавоно будани инсонро дар мубориза бо ҳолату зулмот ва зиштиву нобасомониҳо мекунад. Беҳуда нест,ки нуқтаи мазкур дар адабиёти классики тоҷику форс баъдан инкишоф ёфта, дар осори суханварони маъруф ҳамбаста бо диду назари ахлоқиву иҷтимоии онон бо рангу ҷилои тоза ифода гардидааст. Онҳо ин нуқтаро ҳамвора таъкид кардаанд, ки бе омўзиши илму дониш инсон наметавонад зиндагии ҳақиқӣ ба сар барад. Аз ҷумла Фирдавсӣ, ки тавоноиро аз доноӣ медонад, донишро ба сифати мояи ҳастии инсон мешиносад:

Ҳар он кас, ки дониш фаромўш кунад,
Забонро зи гуфтор хомўш кунад.

Ё Носири Хусрав, ки камолоти инсониро дар илму дониш медонад, чунин фармудааст:
Ҷамоли одамӣ дар ҳилм бошад, Камоли одамӣ дар илм бошад.

пешина
аз 625
навбатӣ