Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Агар Иброҳими Сафоӣ онро «наҳзати бузурги адабӣ» номида бошад, Яҳёи Ориянпур чунин баҳоро иғроқомез ва аблаҳона мешуморад. Шамси Лангрудӣ низ ба нақди шоирони мактаби Бозгашт пардохта, тақлиду пайравии онҳоро ба гузаштагон фоҷеа мехонад ва эҳсосашонро ориятӣ медонад. Аз мулоҳизоти муҳаққиқ бармеояд, ки ў дар ин маврид ду нуктаро ба назар нагирифтааст.
Аввалан ў миёни тақлид ва пайравӣ тафовуте нагузоштааст.
Сониян масъалаи суннат ва суннатгароиро,ки дар адабиёти Шарқ, ба хусус назми форсӣ хеле қавист, нодида гирифтааст. Тавре ки маълум аст, дар адабиёти форсӣ истифодаи моҳиронаи тасвирҳо ё сувари хаёли маъмулӣ бо тобишҳои тозаи ҳунари шоирӣ маҳсуб мешуд. Масалан, Рўдакӣ қомати маъшуқро ба сарв монанд карда буд:

Ба сарв монад, гар сарв лоладор бувад Ба мурд монад, гар мурд рўяд аз насрин. Пўшида нест, ки то имрўз шоирон ин ташбеҳро бо тобишҳои гуногун ба кор мебаранд. Аз ҷумла Сабоҳӣ низ борҳо аз аз ин ташбеҳ истифода кардааст:
Дар чаман ою хати бандагӣ аз вай биситон, То ба кай сарв занад лоф, ки ман озодам. Дар воқеъ Бозгашт падидаи мураккаб буда, навоқис дошт, вале дорои арзишҳои адабӣ низ буд, ки ба онҳо Аҳмади Хотамӣ,Қайсари Аминпур ва муҳаққиқони дигар дар осори худ ишора кардаанд. Аз ҷумла Аҳмади Хотамӣ хидмати бузурги адибони давраи Бозгаштро дар ҳифзи забони форсӣ медонад.
Хидмати дигари шоирони мазкур б а назари мо дар тақвияти соддагӣ дар сабки баён аст. Онҳо бештар ба осори соддаи шоирони пешин пайравӣ намуда, аз таъбиру ибороти мардумӣ истифода мекарданд. Рў овардан ба соддагӣ аз дастовардҳои муҳимми Бозгашти адабӣ буда, барои ба мардум наздиктар шудани шеър ва ташаккули адабиёти ҷадиди форсӣ замина фароҳам овардааст. Ин соддагиро ҳам дар мазмуну мўҳтаво ва ҳам дар сабку забони осори Сабоҳии Бедгулӣ метавон мушоҳада кард.

Пайнавишт 1 Нусрати Таҷрубакор.

пешина
аз 625
навбатӣ