Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зеро шеър дорои сужа буда, бо тасвири саҳаргохе нома овардани қосид шурўъ мешавад Дӣ ба саҳаргоҳ, к-офтобу шафақ буд, Рашки узори Аёзу дидаи Маҳмуд…
Нома ба каф қосиде даромад аз дар, Зеби узораш ғубори Каъбаи мақсуд… Сипас роҷеъ ба номаи дўстон, тавсифи онҳо, мутаассир шудани шоир аз мутолиаи нома, бадкориҳои ду нафар аблаҳе, ки боиси харобии Қуму Кошон гаштааст, сухан меравад. Дар поёни шеър бо ишора ғазале дар ҳамон вазну қофияи шеър дар навои Ироқ нақл мешавад:

Хатми суханро аз ин ғазал, ки сурудам,

Лаб ба навои Ироқ соз кунад рўд. Тавре ки мебинем, шеъри мазкур аз ҳар лиҳоз ба навъи қитъа мансуб аст.Вале зиёдии теъдоди абёт ва дорои матлаъ будани шеър шояд сабаби ба қисмати Қасоид ҷой додани он гашта бошад.
Дар шеъри мазкур низ пайравӣ ба шоирони пешинро метавон мушоҳида кард. Сабоҳӣ суннати шоирони қарнҳои 5-7 ҳ.
Айюқӣ ва Ироқиро, ки дар зимни маснавиҳои худ ғазалҳо овардаанд, идома додааст.
Сабоҳӣ дар қасоидаш на танҳо ба сабки шоирони пешин пайравӣ кардааст, балки зимнан таваҷҷўҳи мамдуҳонашро ба даврони қадим ҷалб намудааст :

Эҳсони ту бо кӣ, з-оли Бармак ?
Сомони ту бо кӣ, з-оли Сомон ?

Дар ашъори Сабоҳӣ ишора ба шоирони муосираш Озар,
Ҳотиф, Шаҳоби Туршезӣ, Асирӣ, Байрамалихон, Ошиқ ва ғайра
низ ба назар мерасад, ки ин аз таваҷҷўҳи вай ба осори онҳо гувоҳӣ
медиҳад. Сабоҳӣ махсусан ба Озар таваҷҷўҳи зиёд дошта, ўро
Саъдии давр, Анварии даҳр, Фирдавсии аҳд дониста, устоду
тарбиятгари худ мешуморад. Аз эҳтимол дур нест, ки Сабоҳӣ маҳз
бо раҳнамоиву ҳидояти устодаш ба сабки пешиниён рўй
овардааст. Зеро дар ашъори Сабоҳӣ хусусиятҳои сабки ҳиндиро ба
таври равшан метавон мушоҳада кард. Дар ин бора Аҳмади
Хотамӣ баҳс намуда, бо мисолҳои фаровон ҷой доштани унсурҳои
сабки ҳиндиро амсоли таъқиду печидагўиҳо, истилоҳоти омиёна,
ирсолулмасал, хаёлпардозиҳои латиф ва таркиботе монанди ашки
ятим, боғи ҳусн, боли ҳавас, барқи ҳаваси хом, пои ҳаводис, хандаи барқ, рухсораи мурод, риштаи ҳастӣ, шамъи оҳ, кулоҳи фақр, гарди кина ва ҳоказо таъкид намудааст. Роҷеъ ба арзиши Бозгашти адабӣ муҳаққиқон андешаҳои мухталиф баён кардаанд.

пешина
аз 625
навбатӣ