Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳарчанд нусхаҳои зиёди ин тазкира дар китобхонаҳои гуногун маҳфуз аст ва он борҳо чопи сангӣ шудааст, вале он то ҳол мавриди таҳкиқ қарор нагирифтааст ва арзишҳои адабиву таърихии он муайян нагардидааст. Аз тазкираи мазкур муҳаққиқони тоҷику ўзбак Садриддин Айнӣ, Азиз Қаюмов, Холиқ Мирзозода, Носирҷон Маъсумӣ, Усмон Каримов, Субҳон Амирқулов, АбдуманнонНасриддинов ва дигарон дар осори илмии худ истифода кардаанд Муаллифи тазкира Абдулкарим Фазлии Намангонӣ дар авохири қарни ХУ111 дар шаҳри Намангон ба дунё омада, айёми тифливу ҷавонии худро дар ҳамон ҷо гузарондааст. Баъди ба поён расонидани мадраса ба шаҳри Тўрақурғон рафта, дар вазифаҳои расмӣ кор кардааст. Дар ҷавонӣ рўзгори фақирона дошта, азобу ранҷҳо кашидааст. Дар соли 1811 Амир Умархон соҳиби тахти ҳукумати Қуқанд (Хуқанд) мегардад ва Фазлиро ба пойтахт даъват менамояд. Дар дарбори Амир Умархон ў на танҳо соҳиби вазифаву сарват мешавад, балки ба унвони «Маликушшуароӣ»
низ сарфароз мегардад. Пас аз вафоти Умархон дар соли 1822 Фазлӣ ба Намангон бармегардад ва дар ҳамон ҷо вафот мекунад.
Санаи таваллуд ва вафоти Фазлӣ дар манобеъ зикр нашудааст.
Фазлӣ дар ҷавонӣ ба шеъргўӣ шурўъ намуда, девони ашъор доштааст, ки боқӣ намондааст. Ў ба унвони «Зафарнома» асаре таълиф кардааст, ки онро муҳаққиқи ўзбак Азиз Қаюмов китоби таърихӣ ва Ҳомидҷон Ҳомидӣ ва Маҳмудҷон Маъмуров манзума донистаанд. Дар бораи ин асар худи Фазлӣ навиштааст :

Ҳамин бас бувад қадрам, эй номҷўй,
Ба номи амирам «Зафарнома»-гўй.

Аз эҳтимол дурр нест, ки асари мазкур манзумае бошад дар тавсифи корнамоиву сафарҳои ҳарбии амир.
Асари дигари Фазлии Намангонӣ, ки боқӣ мондааст, тазкираи манзуми «Маҷмуъатушшуъаро» мебошад, ки бо супориши Амир Умархон дар соли 1821 таълиф шудааст. Унвони асар дар манобеъ ба таври гуногун сабт шудааст. Аз ҷумла Салриддин Айнӣ онро «Тазкиратушшуъаро», Носирҷон Маъсумӣ, Субҳон Амирқулов Абдулманнон Насриддин «Маҷмуъатушшуъаро», Азиз Қаюмов, Усмон Каримов «Маҷмуъаи шоирон» номидаанд. Дар чопи сангии китоб низ гуногуннависӣ ба назар мерасад. Агар дар сарсафҳа «Маҷмуъатушшуъаро» навишта шуда бошад, дар сафҳаи охир «Маҷмуъатулашъор» сабт гардидааст.

пешина
аз 625
навбатӣ