Равзанаи адаб

Худи Фазлӣ бошад дар муқаддимаи асар онро
«Маҷмуъаи шоъирон» унвон кардааст :
Ба ин нусхаи дилфиреби ҷаҳон
Бувад ном «Маҷмуъаи шоъирон»
Баъзе муҳаққиқон амсоли Б. Валихоҷаев, Ҳомидҷон Ҳомидӣ ва Маҳмудҷон Маъмуров «Маҷмуъаи шоъирон»-ро асари дастаҷамъӣ шуморида, Фазлиро яке аз муаллифону мураттибони он донистаанд, ки чандон дуруст нест, зеро кулли шарҳу тавзеҳот ба қалами Фазлӣ сурат гирифтааст.
Дар бораи теъдоди шоироне, ки дар тазкира ҷой дода шудаанд, низ назари муҳаққиқон гуногун аст. Азиз Қаюмов таъйид мекунад, ки дар он ошъори 63 шоири давр ворид гардидааст. Б.
Валихоҷаев, Ҳ, Ҳомидӣ ва М.Маъмуров теъдоди шоъиронро 80 нафар донистаанд. Вале худи Фазлӣ дар муқаддимаи тазкира номи
79 шоъирро ёд кардааст.
Тазкираи «Маҷмўъаи шоирон» бо пешгуфтори манзуми Фазлӣ шурўъ мепшавад, ки онро феҳрасти матолиб ҳам метавон номид. Дар он ному насаб ва муҳимтарин хусусиятҳои осори шоироне, ки дар дарбори Умархон ё берун аз он буда, дар ситоиши амир шеър гуфтаанд ва намунаи ашъорашон дар тазкира сабт шудааст, зикр ёфтааанд. Сипас муқаддимаи мансур меояд, ки аз наъти Худову Расул ва чаҳор ёр иборат аст. Дар охири муқаддима ду мадҳияи дар баҳри тавил навиштаи Фазлӣ ва Мирзо Мушриф дар ситоиши Амир Умархон ҷой дода шудааст. Дар муқаддима Фазлӣ беш аз ҳама ба мадҳи шоҳ пардохта, хислатҳои ҳамидаи ўро амсоли фозиливу суханварӣ ва таваҷҷўҳи зиёдаш ба шоирон ситоиш менамояд :
Бувад бар сухан рағбаташ бештар,
Ки дорад ба маънишиносон наза
Матоъи сухан қимату қадр ёфт,
Хирадманд ҳам ҷой бар садр ёфт…
Аз ин ҷост, ки шоирон бештар ба даргоҳи ў ҷамъ омада дар ситоишаш шеърҳо сурудаанд :
Ба авсофи ў шоирон аз ниёз
Мадоеҳгузору қасоидтироз.
Кунад аҳли дониш ба сидқу яқин
Ба девони ашъори ў офарин.
Ба даргоҳи ў ҷумлаи шоъирон
Ба сеҳри сухан зуфунун соҳирон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор