Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳасрат бо ин равиши ҳазлу мутояба ҳадафи аслии худро, ки танқиду мазаммати шоҳу амалдорон аст, иброз намудааст. Ба ҷуз ду титоли Ҳасрат намунаи дигаре аз ин навъи адабӣ ҳанӯз ба даст наомадааст. Танҳо дар асари шоири поёни қарни Х1Х Шамсиддини Шоҳин “Бадоеъуссаноеъ” тарзи баёни титол ба назар мерасад.
А. Ҳабибов дар бораи сабки шоирони доираҳои мазкури адабӣ таваққуф намуда, мавҷудияти ду сабки адабӣ хуросонӣ( ё ироқӣ) ва омехтаро(хуросонӣ ва ҳиндӣ) таъкид намудааст. Дарвоқеъ дар ашъори шоирони ҳавзаи Ҳисор низ идомаи сабкҳои хуросониву ироқӣ ва ҳиндӣ ба назар мерасад. Вале дар ҳар сурат шоирон саъй кардаанд, ки матлабро ҳар чи соддатар баён намоянд, зеро мухотаби онҳо асосан мардуми бесавод буданд. Аз ин ҷост, ки дар ашъори онҳо суханбозиву лафзпарастӣ, истифодаи санъатҳои лафзиву такаллуфот тақрибан ба назар намерасад.
Шоирон бештар санъаҳои маънавӣ амсоли ташбеҳ, истиора, тавсиф, талмеҳ, муболиғаро ба кор бурдаанд. Аз ҷумла Ҳасрат бештар ба санъати тавсиф таваҷҷӯҳ дорад. Тавсифҳои ӯ дар ғазали зер симои маъшуқ ва ҳолат рӯҳии ошиқро хеле хуб бармало месозанд:

Харобам мекунад тарзи нигоҳи ишваолуде,
Қиёматҷилва, раъноқомату боғиирамрӯе.
Вафобегона, кофармашрабе, бераҳми хунрезе,
Ситамгар, зулмпарвар, сангдил, бедодгархӯе…

Фориғи Ҳисорӣ дар истифодаи санъати талмеҳ маҳорати зиёд ба харҷ дода, дар мухаммасе ба 13 ашхоси таърихиву асотирӣ ишора кардааст. Таҳқиқи минбаъдаи сабки осори шоирони ҳавзаи Ҳисор барои таъйини маҳорати суханварии шоирон ва равшан намудани роҳҳои густариши сабки ҳиндӣ мадад мерасонад.
Намояндагони ҳавзаи адабии Ҳисор хоҳ дар ватани худ ва хоҳ дар марказҳои адабии Бухорову Балх, Самарқанду Хуқанд, Ҳинд ва сойири кишварҳо ба офаридани ашъори рангин машғул гардида, дар рушду тавсиаи адабиёти тоҷик саҳми босазо гузоштаанд.

пешина
аз 625
навбатӣ