Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Малах риши гӯсоларо шона зад,
Биғалтид қурбоқа аз нардбон…”
Ниҳоят иҷлоси подшоҳи аср бо “охунди домуллои кулӯлаи манаҳкашол” ва “домулло Лаванди чобуксавол” тасвир мешавад, ки ба назари мо ҳадафи аслии Ҳасрат ҳамин аст. Ин ҷо аз забони охунди кулӯлаи манаҳкашол “дар мадҳи подшоҳ ин абётро адо кард :

Шаҳо, пайтобаи хар бар сарат тоҷи бақо бошад !
Ба поят риши лаклак мӯзаи нашъунамо бошад !
Ба ҳар ҷониб барои баҳри ҷанги душман шавӣ муфсид (?) Мададгорат сагу пушту паноҳат гурбаҳо бошад !
Дароӣ гар ба майдони далерон аз пайи шиддат, Туфангу тирҳо аз пешу маргат аз қафо бошад !
Фитад гар бар сарат мили шикори масҳи ҷамшедӣ, Самандат бемиёну тозият бедасупо бошад !

Домулло Лаванди чобуксавол низ аз паи ӯ даромада, ин назм дар шаъни подшоҳ адо намуд :

Эй шоҳ, фурӯғи остона хишу биш,
Бар гардани ту канаб фитад ё гардиш !
Умри ту дароз бод ҳамчун думи буз !
Пои ту шикаставу бубинӣ лағжиш !

Ва мани ошуфта низ аз дари боргоҳ даромада, ин назмро адо
намудам, ки

Эй шоҳ, фурӯғи давлати ту лаку пак !
Пайваста мададгори ту бошад хару саг !
Ҳар гоҳ шавад гуруснагӣ муставлӣ,
Хӯроки ту бод мушту зарбу калтак !…” Дар абёти фавқ на танҳо танзу танқиди сахти шоҳ ба назар мерасад, балки нафрату адовати зиёд ба ӯ низ эҳсос мешавад.

пешина
аз 625
навбатӣ