Равзанаи адаб

Ҳарчанд таҳқиқи ин адабиёт дар қуруни вусто аз тариқи тазкираву рисолаҳои гуногун ва аз қарни 19 дар Урупо бо равиши илмӣ шурўъ шудааст, вале мутаасифона Ҳанўз масъалаҳои зиёди он мавриди баҳсу таҳқиқи ҷиддӣ қарор нагирифтаанд ва ба таври гуногун тавзеҳ меёбанд. Аз ҷумлаи ҳамин гуна масъалаҳои баҳсангез даврабандии таърихи адабиёти мазкур мебошад. Дар манобеъи таърихиву адабӣ амсоли тазкираву рисолаҳо ва китобу дастурҳои зиёди таърихи адабиёт, ки донишмандони эрониву тоҷик ва аврупоӣ навиштаанд, даврабандии адабиёт ба таври гуногун сурат гирифтааст.
Тавре ки донишманди тоҷик Абдунабӣ Сатторзода дуруст таъкид кардааст, «оғози даврабандӣ дар адабиёти порсии дариро метавон ба замони нигориши нахустин тазкираҳо, яъне ба садаҳои чаҳорум ва панҷуми ҳиҷрӣ ва ё даҳум ва ёздаҳуми масеҳӣ, нисбат дод.» Дарвоқеъ дар нахустин тазкираи то имрўз бар ҷой мондаи адабиёти форсу тоҷик «Лубобулалбоб»-и Муҳаммад Авфии Бухороӣ даврабандии амалии таърихи адабиётро метавон мушоҳида кард. Дар қисмати аввали тазкира дастабандии адибон аз рўи табақот, яъне салотин, мулук, умаро, уламо, фузало ва ғайра сурат гирифтааст. Сипас равиши мансубият ба хонадонҳои ҳукмрон чун сулолаҳи оли Тоҳир, оли Лайс, оли Сомон, оли Носир ва оли Салҷуқ истифода шудааст.
Дар тазкираҳои қуруни баъд равишҳои гуногуни дастабандии
адибон сурат гирифтааст, амсоли замони
таърихӣ(«Тазкиратушшуъаро»-и Давлатшоҳи Самарқандӣ,
«Хулосатулашъор ва зубдатулафкор»-и Тақиуддини Кошонӣ,
«Тазкираи нудрат»-и Донишвархон…), ҷуғрофиёӣ ё
маконӣ(«Оташкада»-и Озар, «Мақолотушшуъаро»- и Қонеъ, ),
табақаӣ («Тўҳфаи Сомӣ»- Соммирзои Сафавӣ, «Анҷумани Хоқон»-
и Фозилхони Гаррусӣ…), мавзўъ ва анвоъи адабӣ(«Тазкираи
майхона»- Мулло абдунабии Қазвинӣ, «Хулосатулкалом»-и Халил,
«Риёзулъорифин»-и Ризоқулихони Ҳидоят, «Тазкиратулхавотин»-и
Маликулкитоби Шерозӣ, «Бўстонуссаноеъ»- и Шўҳра…),
алифбоӣ(«Риёзушшуъаро»-и Вола, «Анҷуманоро»-и Ахтар,
«Калимотушшуъаро»- и Сархуш, «Тазкираи Ҳусайнӣ»_и
Мирҳусайни Дўст, «Хизонаи омира»-и Озоди Балгиромӣ, «Суҳуфи
Иброҳимӣ»-и Халилхонӣ…) ва ғайра. Дар баъзе тазкираҳо
корбурди чанд равиши дастабандиро метавон дид. Масалан, дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор