Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Оташкада»-и Озар равиши замонӣ ва маконӣ(ҷуғрофиёӣ),
«Сафинатулмаҳмуд»-и Маҳмуд Мирзои Қоҷор равиши табақавӣ ва ҷуғрофиёӣ корбаст шудааст.

Ҳамин гуна даврабандиро дар осори муҳаққиқон муосир низ метавон мушоҳида кард. Гурўҳе аз донишмандон амсоли Шиблии Нўъмонӣ, Садриддин Айнӣ, Маликушшуъаро Баҳор, Забеҳулло Сафо, И. С. Брагинский аз рўи замони таърихӣ, гурўҳи дувум мисли Эдуард Браун, Ҳусайни Фаривар ба нисбати сулолаҳо, гурўҳи дигар чун Ҳермон Эте, Зайнулобидини Мўътаман бар мабнии мавзўъот ва Аҳмади Тафаззулӣ бар асоси забон таърихи адабиётро даврабандӣ кардаанд.
Масъалаи даврабандии таърихи адабиёти форсу тоҷикро ба таври ҷудогона ва илмӣ бори аввал муҳаққиқони шўравӣ И.С.
Брагинский ва А.Н. Болдирев мавриди баҳсу баррасӣ қарор додаанд. Ҳамчунин Зайнулобидини Мўътаман, Накҳат Саъидӣ, Асадулло Ҳабиб, Маҳмуди Футўҳӣ, Абдунабӣ Сатторзода роҷеъ ба масъалаи даврабандии таърихи адабиёти форсӣ таваққуф намудаанд. Аз ҷумла И.С. Брагинский даврабандии таърихи адабиётро бар мабнии қарнҳо пешниҳод намуда, «даврабандии сулолавиро комилан кўҳнашуда» меҳисобад. Ба назари мо даврабандии таърихи адабиёти форсу тоҷикро фақат бар мабнии қарнҳо анҷом додан кофӣ намебошад. Зеро ҳодисаву падидаҳои муҳими адабӣ на ҳамеша бо давраҳои таърихӣ созгорӣ доранд.

Донишманди эронӣ Маҳмуди Футўҳӣ низ ба масъалаи даврабандии таърихи адабиёти форсӣ таваққуф намуда, ба таври қатъӣ таъкид мекунад, ки «тақрибан ҳамаи муаррихони адабиёти форсӣ раванди хаттии сохтмони китобҳои худро бар асоси ин тасалсули таърихӣ ва силсилаҳои подшоҳӣ тарҳ афкандаанд.» Яке аз аввалин донишмандоне, ки ба даврабандии амалии таърихи адабиёти Эрон даст задааст, Маликушшуаро Баҳор мебошад.Ў дар асари маъруфи худ «Сабкшиносӣ» таърихи насри форсиро ба чаҳор давра тақсим кардааст :

  1. Нимаи аввали қарни 4ҳ. то охири қарни 5 ҳ (қарнҳои 10 – 11 м.).
  2. Нимаи аввали қарни 6 ҳ. то ибтидои қарни 7 ҳ.
    (қарнҳои 12 – 13 м.).
  3. Қарнҳои 7 – 12 ҳ. (қарнҳои 13 – 18 м.).
  4. Охири қарни 12 ҳ. – нимаи қарни 14 ҳ. (қарни
    18 - ибтидои қарни 20 м.).
    Тавре ки мебинем, ин даврабандӣ бар мабнии сабкҳои насри форсӣ сурат гирифтааст. Вале аксари муҳаққиқон онро чун даврабандии таърихи адабиёт пиндоштаанд.
пешина
аз 625
навбатӣ