Равзанаи адаб

Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ.
Дар ашъори ошиқонаи Рўдакӣ на танҳо зебоии инсон, ки васфи он аз мавзўъҳои ашъори ошиқонаи шоир аст, балки то андозае озодии маънавии шахс ҳам ифода ёфтааст. Ошиқи ашъори лирики Рўдакӣ ба маъшуқи худ саҷда меорад, ишқи маъшуқ барои вай аз ҳама муқаддамтар аст:
Рўй ба меҳроб ниҳодан чӣ суд?
Дил ба Бухорову бутони Тироз.
Эзиди мо васвасаи ошиқӣ
Аз ту пазирад, напазирад намоз.
Ошиқ дар ашъори Рўдакӣ инсони ҳаётдўсту бебокест. Ў пойбанди ғаму андўҳи зиндагӣ нашуда, бештар ба хушиҳои он рўй меорад ва хушгузаронии лаҳзаҳои нотакрори умрро пеш мегирад.
Яке аз воситаҳои хушгузаронии умр дар ашъори шоир маю майгусорист. Рўдакӣ дар як идда шеърҳояш майро ба маънии аслиаш васф намуда, онро василаи шодмониву тараб медонад.
Вале ситоиши май дар ашъори шоир маънии талқини майпарастиро надорад. Мақсади асосӣ истифода бурдан аз лаззату неъматҳои зиндагист:
Майи лаъл пеш ору пеши ман ой
Ба як даст ҷому ба як даст чанг
Аз он май маро деҳ, ки аз акси ў
Чу ёқут гардад ба фарсанг санг.
Ба ин тариқ, Рўдакӣ инсонро ба хушгузаронии умр, манфиатбардорӣ аз неъматҳои моддии зиндагӣ истифодаи хушиҳои ҳаёт ва лаҳзаҳои бебозгашти дунёи гузарон даъват менамояд:
Шод зӣ бо сиёҳчашмон,
Ки ҷаҳон нест ҷуз фасонаву бод.
З-омада шодмон бояд буд
Некбахт он касе, ки доду бихўрд,
Шўрбахт он ки ў нахўрду надод.
В-аз гузашта накард бояд ёд.
Боду абр аст ин ҷаҳон, афсўс,
Бода пеш ор, ҳар чӣ бодобод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё